Минтақаҳои рушдкарда- омили заминавӣ барои рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ

Ноябрь 25, 2015 06:27

Душанбе, 25. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).-  Конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Роҳҳои татбиқи Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар ҶТ барои давраи то соли 2030» имрӯз, 25 ноябр дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз кард. Конфронс аз ҷониби  Кумитаи рушди маҳали назди Президенти ҶТ баргузор гардид.
«Консепсияи идоракунии рушди маҳал барои давраи то соли 2030» барои заминасозӣ ва тарҳрезии рушди маҳал ҳуҷҷати стратегӣ ба ҳисоб рафта, кумита ҳамчун мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ сиёсати давлатиро дар соҳаи рушди маҳал татбиқ менамояд. 
Дар конфронс намояндагони ҳукумат, корпусҳои дипломатӣ, ташкилоти байналмилалӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо иштирок доранд.
    Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти ҶТ Қосим Роҳбар зимни суханронӣ изҳор дошт, ки рушди маҳал барои ҳар як кишвар ин нишондиҳанда ва мизони самаранокӣ ва рушди умумимиллӣ ба шумор меравад. Минтақаҳои рушдкарда барои ҳар як давлат яке аз омилҳои заминавӣ барои рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба шумор мераванд. 
«Ба ҳамагон маълум аст, ки мо дар шароити ҷомеаи иттилоотӣ зиндагӣ дорем. Нақши таъминоти иттилоотии мақомоти  маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар давраи муосир тақозогари он аст, ки ин унсур ва махсусан ташаккули ҳукумати электронӣ дар маҳал ба таври касбӣ барои амалӣ намудани аркони он мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифта, ба амалӣ намудани он дар маҳал мусоидат менамояд»,-илова намуд Қосим Роҳбар. 
Яке аз мақсадҳои баргузории конфронси имрӯза- ин мушаххас намудани мавқеъҳои ташкилии мақомоти марказию маҳаллӣ оид ба амалӣ намудани марҳилаҳои ислоҳотиест, ки дар Консепсия дарҷ шудаанд.  

 

Ноябрь 25, 2015 06:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд