Мизи гирд: «Беҳдошти солимии модару кӯдак: дастовардҳо, мушкилот ва нақшаҳои оянда»
Душанбе, 13. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар маҷмааи «Душанбе Плаза» бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Беҳдошти солимии модару кӯдак: дастовардҳо, мушкилот ва нақшаҳои оянда» баргузор гардид.
Муовини якуми вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лола Бобоҳоҷиева вобаста ба солимии занону кӯдакон сухан карда, мушкилоти соҳаро таъкид дошт. Дар чорабинӣ намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, мутахассисони варзидаи соҳаи тандурустӣ, вазорату идораҳо ва ташкилоти байналмилаливу ҷамъиятӣ ширкат намуданд.
Дар чорабинӣ муаррифии мавзӯъҳои судманд, аз ҷумла «Дастовардҳои кишвар ва мушкилоти ҷойдошта дар беҳдошти солимии модару кӯдак», «Таҳияи барномаҳо оид ба ташаккули тарзи ҳаёти солим барои мактаббачагон», «Маблағгузориҳои дарозмуддат барои саломатии модар ва наслҳои оянда» садо доданд. Ҳамчунин, намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Шамсиева оид ба ҳалли масъалаҳои солимии занон сухан гуфта, аз мушкилот дар самти ҳифзи сиҳатии модару кӯдак ёдовар шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






