Муаррифии сомонаи расмии Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд»

Ноябрь 11, 2015 09:21

Душанбе, 11.11.2015. (АМИТ «Ховар).- Дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд бахшида ба солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсия-пойдевори ҳуқуқии давлат» конфронси илмӣ доир гардид.
Дар конфронс намояндагони Раёсати фарҳанги вилоят, устодону донишҷӯёни ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, намояндагони Осорхонаи миллӣ ва муҳассилини муассисаҳои таълимӣ иштирок доштанд.
 Абдуҷалил Бобокалонов-профессори кафедраи таърихи умумии ДДХ дар мавзӯи «Сарқонун-санади сарнавиштсози миллат» маърӯза намуд. 
Ш. Шарифов-номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи ватании ДДХ оид ба «Қонун- зодаи тафаккур ва эҷоди мардуми ориёӣ» сухан ронда, аз таърихи қонуну қонунгузорӣ маълумот дод.
Ҳамчунин дар ҷараёни конфронс муаррифии сомонаи расмии Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» баргузор гардид. мудири кулли МФТ «Қалъаи Хуҷанд» И. Иброҳимов ба иштирокдорон сомонаро муаррифӣ намуд ва Зафар Шафиев, директори маркази технологӣ-иттилоотии «Кова», ки корҳои техникии сомонаро ба уҳда дорад, бахшҳои сомонаро муаррифӣ сохт. 
Ин сомона бо суроғаи www.qalai-khujand.tj қобили дарёфт буда, бо ду забон — тоҷикӣ ва русӣ маълумот пешниҳод менамояд.

Ноябрь 11, 2015 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!