Мубориза бар зидди маводи нашъаовар

Ноябрь 25, 2015 05:47

Душанбе, 25.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- 24 ноябри соли равон, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар шаҳри Норак ду сокини 24-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъаовар дастгир шуданд. Дар вақти кофтукови мошини  тамғаи “КИА Оптима”, ки ба яке аз онҳо тааллуқ дошт, 1 килограмму 460 грамм  маводи нашъадори “героин” дарёфт ва мусодира шуд.
Ҳамчунин аз ҷониби кормандони милитсия дар шаҳри Чкалов сокини 42-солаи ҳамин шаҳр, ки пеш бо моддаи 200 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони муомилоти  ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир шуд. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ  170 грамм маводи нашъадори героин ва 1 килограмму 935 грамм маводи нашъаовари ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид.
Дар маҷмӯъ, тайи шабонарӯзи гузашта кормандони милитсия зимни бурдани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир 3 килою 565 грамм маводи нашъаоварро дарёфт ва мусодира намуданд.   

Ноябрь 25, 2015 05:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа