Мухолифини ҳайати «Толибон» хоҳиши гуфтушунид бо ҳукуматро доранд
Душанбе, 09.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Гурӯҳи толибоне, ки сарварии ҷунбиши мулло Мансурро қабул надоранд, изҳор дошт, ки бо ҳукумати Афғонистон гуфтушунид карданист.
Тавре ки намояндаи мухолифини толибон мулло Абдул Манон изҳор дошт, силоҳбадастон, дар сурати Афғонистонро тарк намудани қӯшунҳои эътилоф, тайёранд, ки гуфтушунид кунанд.
Ёдовар мешавем, ки баъди фавти мулло Умар дар ҷунбиши «Толибон» ихтилофот ба миён омада, як қисми онҳо аз сарвар эътироф намудани мулло Ахтар Мансур саркашӣ карданд. Баъди сарвариашонро ба ӯҳда нагирифтани хешовандони наздики мулло Умари марҳум, онҳо мулло Муҳаммад Расулро роҳбари ҷунбиш интихоб карданд.
Қобили зикр аст, ки дар солҳои режими толибон мулло Расул мансаби волии вилоятҳои Нимрӯзу Фароҳро ба ӯҳда дошт.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






