Мулоқоти Марҳабо Ҷабборӣ бо намояндагони Хазинаи глобалӣ ва Барномаи рушди СММ
Душанбе, 12.11.2015. (АМИТ «Ховар»). -Имрӯз муовини Сарвазири мамлакат Марҳабо Ҷабборӣ бо ҳайати намояндагони Хазинаи глобалӣ ва Барномаи рушди СММ -менеҷери калони Хазинаи глобалӣ дар давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Арташес Мирзоян, муовини намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғулом Исҳоқзай ва директори Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Норимаса Шимамура мулоқот кард.
Дар мулоқот масоили марбут ба ҳамкорӣ дар пешгирӣ ва мубориза бар зидди пайдоиши бемориҳои норасоии масунияти бадан, вараҷа ва сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои ҳамоҳангсозии имконоти ҳамдигарӣ дар мубориза бар зидди паҳншавии ин бемориҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Тавре ки таъкид гардид, бо мусоидати бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хазинаи глобалӣ ва дигар ташкилоту созмонҳои шарик пайдоиши бемории вараҷа дар байни аҳолӣ наздик ба нестшавӣ буда, вазъи мубталоӣ ба бемории сил низ муътадил гардонида шудааст.
Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба масъалаҳои вобаста ба қарзи бебозгашти Хазинаи глобалӣ дар ҳаҷми 34 миллион доллари амрикоӣ, ки бо дархости Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои норасоии масунияти бадан, вараҷа ва сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст, табодули афкор намуданд.
Марҳабо Ҷабборӣ ба роҳбарияти Хазинаи глобалӣ барои ҳамкории босамар бо Тоҷикистон дар давоми 12 сол ва ба директори Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Норимаса Шимамура, ки ваколатҳояш дар вазифаи роҳбари барнома дар кишвари мо ба анҷом расидаанд, барои фаъолияти пурмаҳсул ва ҳамкории муфид изҳори сипосу минатдорӣ кард.
Хотиррасон бояд кард, ки роҳбарии Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои норасоии масунияти бадан, вараҷа ва сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини Сарвазири мамлакат Марҳабо Ҷабборӣ бар уҳда дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






