Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Норимаса Шимомура
Душанбе, 12.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- 11 ноябри соли 2015 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ директори кишварии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Норимаса Шимомураро ба муносибати ба итмом расидани муҳлати фаъолияташ дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, раванди татбиқи барномаву лоиҳаҳои БР СММ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла лоиҳаҳои марбут ба мудирияти оқибатҳои офатҳои табиӣ ва таҳкими инфрасохтори сарҳадӣ дар Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Н. Зоҳидӣ аз директори кишварии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Н. Шимомура барои саҳми назарраси ӯ дар таҳия ва татбиқи барномаву лоиҳаҳои барои кишвар муҳим изҳори миннатдорӣ намуд.
Дар мулоқот инчунин директори кишварии тозатаъйини БР СММ ДАР Тоҷикистон Ғулом Исҳоқзай ҳузур дошт.








Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






