«Нашъамандӣ вабои имрӯзу фардои ҷомеа»-семинар
Темурмалик, 12.11.2015. (АМИТ «Ховар).-Бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Темурмалик дар ҳамкорӣ бо ҳокимияти маҳаллӣ ва дигар ташкилот дар маркази ноҳия дар мавзӯи «Нашъамандӣ вабои имрӯзу фардои ҷомеа» семинари ноҳиявӣ доир намуданд.
Тавре ки Аслиддини Айниддин, мудири бахши варзиш ва сайёҳии ноҳияи Темурмалик иттилоъ дод, дар семинар зикр гардид, ки то ҳанӯз на ҳама ҷавонон зарари маводи мухаддирро дарк намудаанд ва аз ин рӯ шумораи истифодабарандагони маводи мухаддир дар ҳоли афзоиш аст. Пешгирии ин амали номатлуб ба дӯши аҳли ҷомеа мебошад ва бояд ҳар як фард муборизаро бар зидди маводи нашъадор ва истифодаи он пурзӯр намояд.
Дар ҳамоиш инчунин маърӯзаҳо оид ба мавзӯъҳои фаъолияти бахши чавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия дар самти пешгирии бемории нашъамандӣ, таҳлили вазъ ва гирифторони бемории нашъамандӣ дар маҳал, фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозии пешгирии бемории нашъамандӣ дар ноҳия ва боз чанде дигар шунида шуданд.
Суханронии мутахассисони соҳа дар бораи тарзу усулҳои мубталогардӣ ба бемории нашъамандӣ барои ҷавонон таъсирбахш буд. Дар қисмати дуюми чорабинӣ дар хонаи кинои ноҳия чорабинии фарҳангӣ- маърифатӣ доир гардид, ки дар он ҷавонон саҳнаҳои гуногунро дар бораи бемории нашъамандӣ ва оқибати он намоиш доданд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






