Нигаронии ВКХ ҶТ аз куштори Ш. Ҷобирова дар пойгоҳи низомии Русия
Душанбе, 11.11.2015(АМИТ «Ховар»).- 10 ноябри соли 2015 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фроловро ба ҳузур пазируфт.
С. Аслов роҷеъ ба куштори шаҳрванди Тоҷикистон Шоира Ҷобирова дар ҳудуди пойгоҳи низомии Русия дар шаҳри Душанбе изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуд, ки ҳодисаи рухдода ба руҳияи дӯстии анъанавӣ ва шарикии стратегӣ байни ду кишвари мо ҷавобгӯ намебошад.
Дар анҷоми вохӯрӣ ба сафири Русия Ёддошти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон супорида шуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст: «Ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Русия талаб менамояд, то ба ҳодисаи рухдода баҳои воқеъбинона дода, ҷиҳати роҳ надодан барои такрор шудани чунин рафторҳо аз тарафи хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд».








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






