Низоъҳои сиёсӣ-идеологӣ арзишҳои миллию диниро ба нестӣ мебаранд
Душанбе, 20.11.2015 (АМИТ «Ховар»), — Низоъҳои сиёсӣ-идеологии ҷаҳони ислом дар умум хусусияти таҳмилӣ дошта, як навъ муборизаи абарқудратҳо барои аҳдофи геополитикӣ ва иқтисодӣ дар ин ё он минтақа мебошанд. Бояд иқрор шуд, ки дар ин равандҳо омили дохилӣ низ вуҷуд дорад, лекин он ночиз буда, дар ҳошия қарор дорад, зеро тавлидкунанда ва таҳрикдиҳандаи омили дохилӣ боз ҳам омили хориҷӣ ба шумор меравад. Номгузорӣ намудани раванди низоъҳои сиёсӣ-идеологӣ бо унвони «Инқилоби ранга» ва ё ҷустани сабабҳои рух додани ҳодисаҳои мудҳиш дар тӯлонӣ будани режимҳои худкома фиребу найранге беш набуда, танҳо ба хотири рӯпӯш намудани аҳдофу аъмоли ғаразноки зиддиинсонии неруҳои хориҷии манфиатҷӯ ва ба дигар тараф майл додани таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ сурат гирифтаанд. Аз ҷумла, дар яке аз гузоришҳои созмони байналхалқӣ, ки охири соли 2012 паҳн шуд, ҷанги Сурия ҳамчун зиддияти ошкорои динӣ байни сарбозони халқии алавӣ ва иттифоқчиёни шиамазҳаби онҳо бар зидди гурӯҳҳои шӯришгари суннӣ ба қалам дода шудааст. Мувофиқи сарчашмаи дигар карахтӣ дар ҳаёти сиёсии Сурия бисёр ҳодисаҳои манфиро дар ҷомеа эҷод сохт: коррупсия, дағалии шахсони мансабдор, беҳуқуқӣ назди дастгоҳи давлатӣ наметавонист, ки дар байни табақаҳои мобайнӣ ва камбизоати ҷомеа норозигиро эҷод насозад. Маҳз омилҳои мазкур барои эътирози ҷомеа замина буданд. Аммо аслан оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия аз тарафи кишварҳои хориҷӣ гузошта шудааст. Гузашта аз ин, ҳодисаҳои Сурияро ҳамчунин яке аз оқибатҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ низ метавон ба қалам дод, зеро неруҳои пурқудрати ҷаҳонӣ бо баҳонаи дастгирии кишварҳои ниёзманд, ҳифзи манфиатҳои ақаллият, дастгирӣ ва ривоҷи арзишҳои умумибашарӣ ва амсоли инҳо принсипҳои асосии меъёрҳои ҳуқуқии байнидавлатиро дар бораи эътироф намудани мустақилияти давлатҳои алоҳида ва дахолат накардан ба корҳои давлатдории мамлакатҳои ҷаҳони сеюм вайрон намуда, рӯирост ин кишварҳоро бо истифода аз мардуми дар ғафлатмонда ба майдони ҳарбу зарб ва талаю тороҷи сарватҳои моддӣ мубаддал сохтаанд. Вобаста ба ин ёдрас намудани нуқтаи назари президенти Никарагуа Даниэл Ортего хеле ба маврид мебошад. Ӯ дар як изҳороти хеш хеле дуруст, бамаврид ва бо итминони комил қайд намуд, ки Амрико ва Аврупо барои ба даст овардани сарватҳои дигар кишварҳо то ҳоло аз воситаи зӯрӣ даст мегиранд. Лоиҳаҳои барангезонидани низоъҳои сиёсӣ-идеологӣ дар кишварҳои исломӣ аслан дар давлатҳои ғарбӣ омода шудаанд. Ба андешаи коршиносон ҳадаф аз сиёсати пешгирифтаи абарқудратҳои ғарбӣ ва пуштибонҳои онҳо аз маҳдуд сохтани манфиатҳои геополитикии Русия дар минтақаи Шарқи Наздик ва дар умум бо ҳар васила фишор овардан ба Русия иборат мебошад. Ҷои шубҳа нест, ки режимҳои ба ном «худкома» дар он кишварҳо то оғози низоъҳо дар муқоиса бо давраи баъди низоъҳо, ки вақти анҷомашон акнун номаълум боқӣ мондааст, хостаҳои мардумро бештар бароварда месохтанд.
Чун мақсад аз навиштаи мазкур муайян намудани ҳолати арзишҳои миллӣ ва динӣ баъд аз низоъҳои сиёсӣ-идеологӣ ба ҳисоб меравад, зарур аст, ки мундариҷаи ин мафҳумҳо то ҳадди имкон кушода шаванд. Дар зери мафҳумҳои арзишҳои миллӣ бояд унсурҳое фаҳмида шаванд, ки онҳо пойдевори миллатро чун умумияти этникӣ ташкил намоянд. Дар шароити имрӯза дар қатори забон, анъана, урфу одат ва эътиқоди динӣ иқтисодиёти миллӣ мақоми аввалиндараҷаро касб намудааст. Дуруст аст, ки пешрафти босуръати иқтисодии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва оқибатҳои раванди ҷаҳонишавӣ тамоми унсурҳои фавқуззикрро бо суръати ғайричашмдошт тағйирпазир гардондааст, аммо дар ин равандҳо иқтисодиёти миллӣ ягона унсуре ба ҳисоб меравад, ки метавонад ҳувияти миллиро нигоҳ дошта, ҳифз намояд. Маҳз дар заминаи иқтисодиёти устувору қавӣ унсурҳои фавқуззикри миллӣ бунёд ёфта, қомат рост мекунанд. Мутаассифона, баъд аз низоъҳои сиёсӣ-идеологӣ дар иддае аз кишварҳои исломӣ дар қатори заиф гардидани унсурҳои фарҳанги миллӣ иқтисодиёти миллӣ то ба ҳадде хароб гардид, ки онро имрӯз наметавон омили муттаҳидсозандаи миллат номид. Хароб гардидани иқтисодиёти миллӣ ваҳдати миллиро заиф сохта, умумияти миллиро ба парокандагӣ ва нифоқ водор сохт. Ҳолати тоқатфарсои иқтисодии субъектҳои умумияти миллӣ сабаби асосии тағйир додани муҳити миллӣ ва ҳамин тавр яке аз омилҳои заиф сохтани қудрати миллӣ гардид.
Низоъҳои сиёсӣ-идеологӣ ба кишварҳои дучори ҷанги таҳмилӣ чӣ хисороте расонид, аз таҳлили муқоисавии вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии ин кишварҳо то низоъҳо ва баъди низоъҳо хулоса баровардан мумкин аст. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо дар Ливия баъди низоъҳо ҳабсхонаҳо аз маҳбусон пур гардидаанд. Кишвар ба макони тақсими силоҳ ба кишварҳои ҳамсоя мубаддал гардида, сатҳи ҷинояткорӣ дар Ливия ба маротиб афзудааст. Сатҳи зиндагии мардум баъди сар задани низоъҳо то ба сатҳи асримиёнагӣ баробар гардид. Ҳол он ки дар давраи ҳукмронии Муаммар Қаззофӣ ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар ин кишвар 14 ҳазору 192 долларро ташкил намуда, ба ҳар як аъзои оила давлат дар як сол то 1000 доллар кумакпулӣ медод. Давлат барои бекорӣ ҳар моҳ 730 доллар, барои ҳар як тифли нав ба дунё омада 7000 доллар, ба оилаҳои ҷавон барои харидани ҳуҷраи зист 64 ҳазор доллар маблағи пулӣ ҷудо мекард. Таҳсил ва ёрии тиббӣ бепул сурат гирифта, пардохти ҳуҷрапулӣ барҳам дода шуда буд. Нафт ва маҳсулоти нафтиро давлат истихроҷу коркард намуда, корхонаҳои хориҷиро ба ин соҳа роҳ надода буд. Илова ба ин, дар ҳудуди Ливия пойгоҳи ҳарбии ягон кишвари хориҷӣ вуҷуд надошт.
Ҳолати мазкурро агар бо ҳолати баъди низоъҳо муқоиса намоем, фарқият аз замин то осмон аст. Имрӯз қариб 2 миллион шаҳрванди Ливия рӯ ба муҳоҷирати иҷборӣ овардаанд.
Айнан ҳамин ҳолатро метавон дар кишвари Сурия мушоҳида кард. Сурия танҳо аз коҳиш ёфтани соҳаи сайёҳӣ дар як сол аз гирифтани 8 миллиард доллар маҳрум шуд. Сармоягузории хориҷӣ дар ин кишвар пурра қатъ гардида, иқтисодиёти он ба ҳолати нестӣ оварда шудааст. Кишвари Сурия дар давоми ду соли охир аз истихроҷи нафт пурра маҳрум гардид. Дар охири соли 2013 талафоти Сурия аз ҷанг ба 103 миллиард доллари амрикоӣ баробар гардид. Имрӯз сарнавишти миллионҳо шаҳрвандони Сурия аз кумаки башардӯстона вобаста шудааст. Яъне, рӯ ба муҳоҷират овардани субъектҳои умумияти миллӣ ба хотири зиндагии осоишта, иҷборан ҳазф гардидани унсурҳои фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон омодагии ин субъектҳоро барои воридшавӣ ба муҳити арзишҳои миллии ғайр қарор додааст. Таърих исбот кардааст, ки субъектҳои умумияти миллӣ баъди ҳиҷрати тӯлонӣ аз муҳити миллии худ арзишҳои миллии ғайрро қабул намуда, аз арзишҳои миллии худ ғайри ном чизеро ҳифз наменамоянд.
Кароматулло Абдулҳаев, номзади илмҳои фалсафа