Нуриддин Саид: баҳо бо дониши хонандагон мувофиқат надорад
Душанбе, 11.11.2015. (АМИТ «Ховар). — Дар муассисаи таълимии №1-и ноҳияи Восеъ вохӯрии вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид бо масъулини соҳаи маорифи ноҳияҳои минтақа баргузор гардид. Дар вохӯрӣ масъалаҳои омодагӣ ба олимпиадаҳои хонандагон, имтиҳонҳои мутамарказонидашудаи дохилшавӣ, тайёрӣ ба зимистонгузаронӣ ва тартиби иҷораи китобҳои дарсӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид баъд аз шунидани ҳисоботи масъулин дар масъалаҳои мазкур аз номувофиқатии баҳо бо дониши хонандагон интиқод карда, аз ҷумла гуфт: «Низоми имтиҳонҳои мутамарказонидашудаи дохилшавӣ бори дигар номувофиқатии баҳо бо дониши хонандагонро собит сохт. Мо бояд ҳар чӣ бештар роҳҳои ислоҳи нуқсонҳои мавҷуда ва пешрафти корро муайян намоем. Дар ин самт ташкил намудани мактабҳои такягоҳӣ ва баланд бардоштани такмили ихтисоси омӯзгорон, ки имрӯз ба талабот ҷавобгӯ нест, аз омилҳои асосӣ ба шумор меравад».
Вазир ба директорони муассисаҳои таълимӣ ва мудирони шуъбаҳои маориф баҳри ислоҳи камбудиву норасоиҳо ва пешрафти соҳа ҷалби раисони ноҳияҳо ва соҳибкорони ватаниро тавсия дода, дастур дод, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар ин самт баланд бардоранд.
Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






