Нуробод: Ливои бахту саодат ҳамвора парафшон бод!

Ноябрь 25, 2015 02:53

Нуробод, 25.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар даромадгоҳи  шаҳраки  Дарбанди ноҳияи Нуробод Парчами давлатии ҷумҳурӣ дар баландии 35 метр афрохта шудааст, ки дирӯз дар назди  он  зери унвони «Парафшон бод Парчамат, Тоҷикистони азиз » бо иштироки зиёда аз 2000  ҷавону  сокинони ноҳия бо парчамчаҳои миллӣ роҳпаймоӣ баргузор гардид.
    Ҳамчунин дар назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  бо иштироки  раиси ноҳия Дӯстзода Ҳасан Тағдир, роҳбарияти ташкилоту муассисаҳо, ҷавонон  ва сокинони ноҳия  маҷлиси тантанавӣ доир шуд.  Дар ҷамъомад Суруди миллӣ садо дод ва раиси ноҳия сокинони ноҳияро бо ин рӯзи фаромӯшнашаванда  табрик намуда, гуфт, ки: «Парчами миллии мо нишона аз таърихи  ҳазорсолаи халқи тоҷик аст.  Тибқи маълумоти сарчашмаҳо  қавмҳои ориёӣ  ҳанӯз аз давраҳои бостон оини парчамсозию парчамдориро  гиромӣ медоштанд.  Бинобар ин  арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, Сарқонун, Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ бояд дар миёни мардум  ва пеш аз ҳама,  наврасону ҷавонон ҳамчун рамзи нангу номус  ва шарафи миллӣ  вусъат гирад».
    

 

Ноябрь 25, 2015 02:53

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад