Оғоз шудани тантанаҳои ҷашнӣ дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт
Душанбе, 24.11.2015 (АМИТ «Ховар»). Бо ибтикори шаҳрдории Душанбе шоми имрӯз дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт ба муносибати ҷашни Парчами давлатӣ бо ҳузури 8 ҳазор сокини пойтахт намоиши идона баргузор мегардад. Ҳоло мавҷ-мавҷ сокинону меҳмонони Душанбе, кормандони ташкилоту муасиссаҳои тиб, маориф, хизматрасонӣ, соҳибкорон, ҷавонону модарон барои тамошои ин ҷашни мубораки миллӣ ҷониби «Наврӯзгоҳ» рафта истодаанд.
Ёдовар мешавем, ки ба муносибати ҷашни Парчами миллӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми телевизионӣ сокинони мамлакатро табрик карда, Парчами давлатиро рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ, давлатдории миллӣ ва мояи ифтихору сарбаландии хурду бузурги мамлакат номид.
Мавриди зикр аст, ки Парчами давлатӣ дар радифи Сарқонуни кишвар, Нишон ва Суруди миллӣ аз рукнҳои муқаддаси миллӣ маҳсуб шуда, таҷассумгари соҳибистиқлолии кишвар ва ифтихори миллатамон аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






