Қодири Қосим иқтидор ва имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистонро дар ҳафтаи Авруосиё дар Париж муаррифӣ кард
Душанбе, 26. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар доираи ҳафтаи Авруосиё, ки аз 23 то 26 ноябр дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса бо иштироки зиёда аз 30 соҳибкори Тоҷикистону Фаронса доир шуд, Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса (Ассотсиатсияи байналмилалии MEDEF) таъсис дода шуда, байни раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим ва роҳбари Ассотсиатсияи байналмилалии соҳибкорони “МЕДЕФ”-и Ҷумҳурии Фаронса Ҷен Бурелле (Jean BURELLE) Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Ассотсиатсияи байналмилалии MEDEF соли 1989 таъсис ёфта, яке аз калонтарин намояндагии ташкилоти хусусии Фаронса дар ҷаҳон мебошад. Ассотсиатсияи байналмилалии MEDEF дорои зиёда аз 800 ҳазор намоянда дар тамоми ҷаҳон мебошад. Зиёда аз 6.700 ширкати Фаронса, ки чун аъзои Ассотсиатсияи байналмилалии MEDEF дар ҷаҳон фаъолият менамоянд, аз 81 Шӯрои соҳибкорон таҳти роҳбарии 46 менеҷер аз ширкатҳои бузурги байналмилалии Фаронса мебошанд. Ассотсиатсияи байналмилалии MEDEF ҳамчун ташкилоти хусусӣ фаъолияти худро бо Бонки ҷаҳонӣ, БАТР, Бонки Осиёии рушд, Бонки Исломии Рушд ва дигар бонкҳои рушд ва созмонҳои байналмилалӣ ба роҳ мондааст.
Қобили зикр аст, ки дар доираи ҳафтаи Авруосиё Форуми соҳибкорони давлатҳои СҲИР, вохӯрии соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса (Ассотсиатсияи соҳибкорони МЕДЕФ), мулоқоти доираҳои соҳибкорон ва ҳамчунин мулоқоти байни вазорату идораҳои кишварҳои ширкаткунанда баргузор гардид.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим дар назди соҳибкорони бонуфузи Фаронса оид ба иқтидор ва имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






