Оила — оғози фардои мурод
Душанбе, 11. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).- Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон дар доираи эълон гардидани Соли 2015 чун соли оила дар хобгоҳи донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон байни донишҷӯдухтарони хобгоҳ таҳти унвони «Оила — оғози фардои мурод» озмун баргузор намуд.
Бино ба иттилои кумита, озмун аз рӯи 5 шарт гузаронида шуда, дар он духтарон маҳорати шеърхониву сарояндагӣ, ороиши дастархон ва тақлидкории занонро дар пӯшидани либоси ба фарҳанги миллати тоҷик бегона ва номатлуб нишон дода, бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи кишвар васфи муҳаббату оила намуданд.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ иштирокдорон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






