«Ҷойгоҳи парчам дар худшиносии миллӣ»-ҳамоиши илмӣ
Душанбе, 20.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз дар Пажуҳишгоҳи илмӣ-татқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷойгоҳи парчам дар худшиносии миллӣ» ҳамоиши илмӣ баргузор мегардад. Бояд гуфт, ки ҳамоиши мазкур ба ифтихори 24 солагии рӯзи Парчами миллӣ бахшида шудааст.
Дар ҳамоиш олимону донишмандон ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ширкат меварзанд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳамоиши илмӣ вобаста ба мавзӯъҳои «Вижагиҳо ва ифодаҳои рамзии Парчами тоҷикон дар давраҳои мухталифи таърихи», «Шарҳи рамзҳои Парчами миллӣ», «Парчам рамзи ваҳдати миллӣ дар замони истиқлол», «Тараннуми Парчами миллӣ дар адабиёти тоҷик» маърӯзаҳо садо медиҳанд.
Дар поёни ҳамоиши илмӣ мусаввара ва китобҳои тозанашр ба намоиш гузошта хоҳанд шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






