Ғолибони даври якуми олимпиадаи донишҷӯён муайян гардиданд
Душанбе., 5.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар факултети физикаю техникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров даври аввали омодагӣ ба олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявии донишҷӯён аз фанни физика баргузор гардид.
Дар олимпиада 196 донишҷӯи курсҳои 1-4-и ихтисосҳои физика ва физика-математика иштирок доштанд. Барои ҳамаи донишҷӯён 5 масъала аз қисмҳои гуногуни физика вобаста ба бахш пешниҳод гардид.
Ҳакамон, ки аз ҳисоби профессорону дотсентон ва устодони донишгоҳ интихоб гардида буданд, ғолибони даври якуми олимпиадаро интихоб намуданд.
Аз рӯи натиҷаҳои даври якуми олимпиада донишҷӯёне, ки аз 10 хол зиёд гирифтанд, барои иштирок дар давраи дуюми олимпиада пешниҳод шуданд. Аз 14 донишҷӯ 11 нафараш ба холи баланд соҳиб шуда, 3 нафари боқимонда мутаассифона, дар давраи дуюми олимпиада иштирок нахоҳанд кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






