Омӯзгорони Академияи ВКД бо рутбаҳои навбатӣ сарфароз гардиданд

Ноябрь 10, 2015 03:08

Душанбе, 10.11.2015. (АМИТ «Ховар).-Дирӯз, 9-уми ноябр дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба солгарди таҷлили Рӯзи милитсия маросими тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни  Академия иштирок доштанд. 
Дар чорабинӣ дақиқаи хомӯшӣ барои поси хотираи кормандоне, ки зимни адои хизмат ҳалок гардидаанд, эълон гардид. Сипас, парчами Академияи ВКД ба майдон ворид карда шуда, Суруди миллӣ садо дод. 
Сардори Академияи ВКД Файзалӣ Шарифзода ҳайати шахсиро бо ҷашни касбии кормандони милитсия табрик карда, дар фаъолияти  пуршарафашон бурдборӣ таманно намуд. 
Зикр гардид, ки донишҷӯёни Академия танҳо бо таҳсили хуб ва интизоми намунавӣ номбардорони падарон, такягоҳи давлату ҷомеа дар самти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандон мегарданд. Дар идомаи чорабинии идона ҳайати омӯзгорону донишҷӯён низ  суханони табрикӣ гуфтанд. 
Ҳамчунин бо фармонҳои вазири корҳои дохилӣ ва сардори Академияи ВКД ба як гурӯҳ омӯзгорон ва донишҷӯёне, ки нисбат ба кору таҳсил муносибати софдилонаю  рафтори намунавӣ доштанд, рутбаҳои навбатӣ ва мукофотҳо тақдим гардиданд. 

Ноябрь 10, 2015 03:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд