Пан Ги Мун ба муваффақияти конфронси СММ оид ба иқлим бовар дорад
Душанбе, 30.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Дабири кулли СММ Пан Ги Мун бовар дорад, ки сарварони кишварҳои ҷаҳон дар ҷараёни Ҳамоиши СММ, ки имрӯз, 30 ноябр, дар шаҳри Париж оғоз ёфт, созишномаи муҳим дар мавриди иқлимро тарҳрезӣ менамоянд. Дар назар аст, ки дар кори ҳамоиш тақрибан 150 нафар сарварони давлату ҳукуматҳо иштирок намоянд.
Имрӯз вазифаи ҷомеаи ҷаҳон роҳ надодан ба то охири аср на бештар аз 2°С баландшавии ҳарорати ҳаво аст. Аз ин сатҳ гузаштани баландшавии ҳарорати ҳаво метавонад оқибатҳои басо ҷиддие барои сайёра дошта бошад.
Пан Ги Мун зимни мусоҳибаи хоссаи радиои СММ изҳор дошт, ки ба ҳамоиши Париж аз рӯи масъалаи иқлим назари нек дорад, зеро ҷиҳатҳои мусбати сиёсӣ ба назар мерасанд. Ба гуфтаи Дабири кулли СММ, имрӯз ба зарурати дидани чораҳои таъҷилӣ дар бахши иқлим касе шубҳа надорад. Теъдоди сарварони ҷаҳон, ки ба ҳамоиши Париж меоянд, ҳамчунин нақшаҳои фаъолиятро дар бахши иқлим пешниҳод намудани беш аз 180 кишвар аз ин далолат мекунад. Дар ин нақшаҳо тадбирҳои коҳиш додани ифлосшавии ҳаво ва афзун намудани нерӯи муқовимат ба тағйирёбии иқлим муайян шудаанд.
Пан Ги Мун ёдовар шуд, ки Гурӯҳи байнипарлумонии коршиносон оид ба тағйири иқлим нақшаҳои мухталифро пешниҳод намуд, ки ҳаҷми гуногуни фаъолиятро дар назар доранд. Агар чора дида нашаваду ҷаҳон дар ҳамон самти ҳозира пеш равад, то охири ҳамин аср баландшавии ҷаҳонии ҳарорати миёнаи ҳаво 4°С — ро ташкил медиҳад.
«Маълумоти илмӣ касеро ба шубҳа намеорад — сабаби тағйир ёфтани иқлим рафтори инсон аст, — зикр намуд Пан Ги Мун. — Биноан мо бояд рафтору тарзи зиндагии худро тағйир диҳем. Мо вақти зиёд надорем,. Бинобар ин ман сарварони кишварҳои ҷаҳонро даъват мекунам, ки масъулияти сиёсию маънавӣ барои беҳбудии башариятро ба дӯши худ гиранд».
Худи ҳоло бар асари дар ҳаво паҳн шудани карбон ҳарорати миёнаи он тақрибан баробари 0,85 °С баланд шудааст. Дар натиҷаи ин қариб нисфи қабати доимии яхҳои Арктика об шуд, дар Амрикои ғарбӣ аз сирояти ҳашарот, ки сабаби он гармшавии ҳаво аст, миллионҳо акр бешазор хароб гардид, баъзе яхпораҳои калонтарини Антарктикаи ғарбӣ, ки дар онҳо даҳҳо ҳазор мили мукааб ях ҷойгир аст, шурӯъ ба харобшавӣ кардаанд. Ҳатто агар фардо сатҳи баландшавии СО2 хотима ёбад ҳам, гармшавии ҷаҳон идома ёфта, ҳарорат тақрибан баробари 0,5 °С баланд мешавад.
Дабири кулли СММ сарони давлату ҳукуматҳоро бори дигар даъват намуд, ки пешсафии маънавию сиёсиро ба манзури рушди устувор ва шукуфоии тамоми башарият намоиш диҳанд.
«Тағйири иқлим сарҳади миллӣ надорад, — гуфт роҳбари СММ. — Ин ҳодисаи ҷаҳонист ва сарварони кишварҳои ҷаҳон мефаҳманд, ки сармоягузории оқилона дар бахши иқлим ба рушди иқтисодиёт мусоидат мекунад. Дар бисёр кишварҳо аллакай манбаъҳои бозтакрори энергия, аз ҷумла манбаъҳои энергияи офтобӣ истифода мешаванд. Ин бахш босуръат рушд меёбад».
Пан Ги Мун ҳамроҳи сокинони Париж ва меҳмонони он, ки дар роҳпаймоӣ барои дастгирии ҳамоиш иштирок карда натавонистанд, пойафзоли худро дар майдони Ҷумҳурӣ боқӣ гузошт. Ин майдон бояд ҷойи роҳандозии роҳпаймоӣ гардад, ки ҳукуматдорон, бинобар хавфу хатар аз амалиётҳои нави террористӣ онро бекор карда буданд. Ҳазорҳо ҷуфт пойафзоле, ки дар ҷараёни ин тадбир дар майдон гузошта шудаанд, дар байни гурезаҳои Сурия тақсим карда мешаванд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






