Парафшонии Парчами миллӣ дар Ҷиргатол

Ноябрь 25, 2015 02:52

Ҷиргатол, 25.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз сокинони ноҳияи Ҷиргатол   бо роҳпаймоии  зиёда аз 3000 сокини ноҳия Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  ҷашн гирифтанд. Зимни  роҳпаймоӣ парчами 100 метр дарозидоштаро ҷавонони ноҳия  бардошта, аз майдон гузаштанд.  
    Ҳамчунин дар маҷлисгоҳи  Мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳия  бо иштироки раиси ноҳия Умедхоҷаи Зоир, роҳбарони  моқомоти ҳифзи ҳуқуқ,  роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия  ва аҳли  ҷамоат маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Раиси ноҳия Умедхоҷаи Зоир  сокинони ноҳияро табрик намуда, гуфт: «Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол мояи ифтихор  ва сарфарозии  ҳар як шаҳрванди  худшиносу худогоҳ ва ватандӯсту ватанпарасти  мамлакат  ба ҳисоб рафта,  24 ноябри ҳар сол  Рӯзи парчам бо камоли ифтихору эҳтиром  нисбат ба яке аз  рамзҳои давлати  соҳибистиқлоламон таҷлил мегардад».
   Инчунин санъаткорони ноҳия  бо барномаи консертӣ хотири  иштироккунандагонро болида гардонданд.   

 

Ноябрь 25, 2015 02:52

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид