Парчами давлатӣ нишон аз ғановату асолати таърихиву фарҳангии миллати тоҷик аст

Ноябрь 24, 2015 03:15

Душанбе, 24.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-23 ноябр дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи парчам чорабинӣ доир гардид. 
Дар ҷамъомад вазири маориф ва илм Нуриддин Саид иброз дошт, ки Парчами миллии мо нишон аз таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик буда, мардуми ин сарзамин дар ҳар давраи таърихӣ маҳз зери Парчами миллии худ ба ваҳдату ягонагӣ ва пешрафту шукуфоӣ расидаанд. 
Муовини аввали вазири маориф ва илм Раҳматулло Мирбобоев ва сардори раёсати илм ва инноватсияи вазорат Хуршед Зиёев афзуданд, ки Парчами давлатӣ баёнгари ҳаққи мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик бо тамоми  ғановату асолати таърихиву фарҳангӣ ва ҳуқуқии он аст. Дар Парчами кишвари мо даъват ба иттиҳоду  сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳимояи марзу бум, саъю талош барои эътимори ҷомеаи адолатпарвар ва инсонияту башардӯстии миллати мо таҷассум гардидааст.

Ноябрь 24, 2015 03:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад