Парчами миллӣ ба таҳкими истиқлолияти миллӣ ҳидоятгар аст
Душанбе, 25.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Ба ифтихори рӯзи Парчами миллӣ дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва зерсохторҳои он доир гардид. Дар ҷамъомад вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Зокирзода оид ба аҳамияти таърихии Парчами миллии Тоҷикистон сухан гуфт.
Зикр шуд, ки аз файзи истиқлолият ва неъматҳои муқаддаси сулҳу ваҳдат имрӯз Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ифодакунандаи иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудаанд.
Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон аз соҳибихтиёру соҳибистиқлол будани давлати тоҷикон башорат медиҳад.
Аз ин рӯ, мо бояд ҳамеша саъю талош кунем, ки Парчами миллии мо ҳар фарди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва пеш аз ҳама, ба ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд. Кишоварзони ҷумҳурӣ низ бахшида ба ин ҷашни муҳими таърихӣ ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардида, дар ободонии диёр ва пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми назаррас мегузоранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






