Пешбинии дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои сифатноку саривақтии давлатӣ
Душанбе, 25.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- «Маҳал ҳамчун институти анъанавии ҷомеа дар тамоми ҷой заминаи боэътимоди рушду нумуи иқтисодиёт ва иҷтимоиётро ташкил медиҳад», — гуфт муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ дар Конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Роҳҳои татбиқи Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар ҶТ барои давраи то соли 2030», ки имрӯз, 25 ноябр дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз кард.
Бино ба гуфтаи муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти нақши махсуси ин самти рушд роҳбарияти давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ рушди маҳалро ҳамчун барномаи афзалиятноки дигаргунсозиҳои институтсионалӣ қарор дода, ин мавзӯи муҳим дар старатегия ва ҳуҷҷатҳои барномавию давлатӣ баръало дарҷ гардидааст.
«Масъалаҳои тақсимоти дақиқи вазифаву ваколатҳо ва таъминоти молиявии идораи маҳаллӣ низ ҳамчун авлавиятҳои рушди миллӣ муайян шудаанд. Дар қатори афзалиятҳои рушд дар ҳуҷҷатҳои стратегии мазкур масъалаи ҷорӣ намудани низоми мунитсипалии идора дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо, бо мақсади дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои сифатноку саривақтии давлатӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон нақши захираҳои инсонӣ ва сатҳи баланди зиндагонии мардуми Тоҷикистон ба таври назаррас таҷассум ёфтааст»,-илова намуд Давлаталӣ Саид.
Ба қавли муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон расидан ба ин ҳадафҳо бидуни рушди устувори минтақаҳо, тараққиёти маҷмӯии соҳаи кишоварзӣ, таъсиси кластерҳои саноатӣ дар маҳал ва васеъ гардонидани бозори меҳнат дар заминаи таъсиси ҷойҳои корӣ ғайриимкон арзёбӣ мегардад. «Аз ин лиҳоз ин нуқтаҳо мушаххасан дар «Стратегияи нави таҳияшавандаи дарозмуддати миллии рушд то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2016 -2020» ба таври дахлдор инъикоси худро меёбанд»,-таъкид дошт Давлаталӣ Саид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






