Пешвои миллӣ будани Эмомалӣ Раҳмон рисолати ӯст

Ноябрь 26, 2015 08:33

Душанбе, 26.11.2015 (АМИТ «Ховар»). — Пешвои миллӣ будани Эмомалӣ Раҳмон як мансаб ё як унвон нест, балки он як ҷойгоҳ аст, як нақш ва як рисолати таърихиест, ки ӯ дар пешгоҳи Ватану миллат ва дар шоҳидии тамоми мардум ба он сазовор гардидааст. Пас, пешвои миллӣ будани ӯ мавзӯи савол ва баҳс нест, балки он як воқеияти таърихӣ ва як ҳолати комилан табиист.  

Технологияи муосири сиёсӣ қудрати онро дорад, ки бо шеваҳои гуногуни шахсиятсозию шахсиятсӯзӣ, шахсеро дар чашми мардум бузург ё хурд ҷилва диҳад. Аммо таҷрибаи рӯзгор нишон додааст, ки чеҳраҳои сунъии таблиғотию расонаӣ бо гузашти андак замоне аз байн мераванд ва дар бекарони таърих нопадид мегарданд. Аммо, баръакси ин, чеҳраҳои табиӣ ва пешвоёни воқеии мардум ба бахши унсурии ҳастии миллату давлат табдил шуда, то абад, то замони бақои ин миллату давлат ҳамчун арзиш, намуна ва қаҳрамон ҷовидона боқӣ мемонанд. 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи роҳбаронест, ки шахсияти сиёсии ӯ лаҳза ба лаҳза ва қадам ба қадам, дар пеши назари мардум, ҳамнафас бо ғаму шодии миллат ташаккул ёфта, ҷойгоҳи мардумии худро ба таври табиӣ дарёфтааст. Ҳамон гуна, ки аҳли як хонадон фарзанди худро, ки дар пеши чашмашон аз як навҷавони навқад ба як марди рашид табдил шудааст, дуруст мешиносанд ва бо тамоми сифоту сиришти ӯ ошноӣ доранд, Эмомалӣ Раҳмон низ дар оғуши ватану миллат ва дар сояи дуову дастгирии мардум сабзида, ба таври комилан табиӣ мавриди эътирофу эътибори мардуми худ қарор гирифтааст. Ин аст, ки чеҳраи ӯ чеҳраи табиӣ, шахсияти ӯ шахсияти воқеӣ ва хидматҳои ӯ хидматҳои бунёдӣ мебошанд.
Аммо барои расидан ба ин мақоми милливу таърихӣ, Роҳбари давлат роҳеро тай намуд, ки пур аз мушкилот, пур аз печу тоб, пур аз камину хатар, аммо пур аз ифтихор, пур аз муҳаббат ва пур аз комёбӣ буд. Ин аст, ки агар касе бихоҳад, то симо, шахсият ва ҷойгоҳи ӯро назди мардуми тоҷик дарк намояд, бояд пеш аз ҳама, роҳи паймудаи ӯ ва хидматҳои таърихии ӯро барои ин мардум дарк кунад. Таҳлили ҳамин роҳ ва дарки ҳамин дастовардҳо худ ба худ нишон медиҳанд, ки Эмомалӣ Раҳмон кист ва барои мардум ва давлати Тоҷикистон чи ҷойгоҳ ва чи арзише дорад. Зеро, имрӯз вақте дар бораи масири тайшуда ва дастовардҳои бунёдии Тоҷикистон дар марҳилаи пурпечутоби истиқлолият сухан меравад, бешубҳа симои ин шахсият пеши назар меояд. 
Албатта, комёбиҳои ин миллат ва кишвар зери сарварии Эмомалӣ Раҳмон бисёр зиёданд, вале фақат дарк, муқоиса ва ҷамъбасти дастовардҳои усулӣ ва бунёдии ин марҳила кофист, то дарк шавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари пурталоши он чӣ масиреро тай карда ва чӣ дастовардҳои азимеро ноил шудаанд. Ва низ, бо дарку ҷамъбасти ин дастовардҳои бунёдӣ метавон дарёфт, ки сабаби эҳтироми амиқ ва эътимоди устувори мардуми Тоҷикистон ба пешвои миллии худ дар чист.

Қадами нахуст ё асоситарин дастоварди давлат ва мардуми Тоҷикистон зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ин аст, бо тадбир ва талошҳои пайгиронаи ӯ давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Ин масъала муҳимтарин ва усулитарин дастоварди таърихи муосири мост, зеро бе доштани давлати миллии мустақили худ тамоми орзую омоли таърихии миллат ва тамоми ҳадафу барномаҳои насли имрӯзу фардои он маънои худро аз даст медод. Зеро баъди ҳазор сол таърих барои халқи тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо номи худ давлати миллӣ дошта бошад. Аз ин рӯ, агар дар он тӯфоне, ки солҳои аввали истиқлолият ба миён омада буд, давлатдории миллии мо аз даст мерафт, моро наслҳои оянда ҳаргиз намебахшиданд. 
Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияте Сарвари давлати тоҷикон интихоб шуд, ки кишвар дар оташи ҷанг месӯхт ва ба гирдоби нобудӣ фурӯ мерафт. Аз ин хотир, баробари ба дӯш гирифтани масъулияти сарварии кишвар ӯ барномаи кории тайёршудае надошт, зеро вақте хонаи инсон оташ мегирад, дигар фурсати барномарезӣ нест. Яъне, дар чунин ҳолат барномаи аввалин хомӯш кардани оташ, наҷот додани хона ва аҳли хонавода мебошад. Дар он лаҳзаи ҳассоси таърихӣ барномаи роҳбарияти нави Тоҷикистон фақат як чиз буд: хомӯш кардани оташи ҷанг, наҷот додани давлат аз нобудӣ ва эмин доштани миллат аз парокандагию бадбахтӣ.
Хушбахтона, ин вазифаи таърихӣ иҷро гашта, давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Ва шояд фақат ҳалли ҳамин масъала барои чеҳраи мондагори таърихи халқи мо ва пешвои миллии мардуми мо донистани Эмомалӣ Раҳмон кофӣ бошад. 
Дар қадами дуюм, талошҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари давлат боис гашт, ки тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ягонаи мустақил ҳифз карда шавад. Ҳарчанд давлати нави мустақили тоҷикон ҳамагӣ дар як пораи кӯҳистонии сарзамини бузурги таърихии халқи тоҷик таъсис гаштааст, вале дар он рӯзҳо боз ҳам нақшаҳои тақсими ин давлат дар миён буд. Чунин тарҳҳоро на танҳо неруҳои хориҷӣ, балки баъзе аз сиёсатмадорон ва қувваҳои сиёсии дохилӣ низ ҷонибдорӣ намуда, дар ин самт қадамҳои амалӣ низ гузошта буданд.
Дар он рӯзҳо ҳатто пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе ҳамчун хонаи умеди тоҷикистониён моҳияти сиёсӣ ва рамзии худро қариб аз даст дода буд. Дар натиҷа, на танҳо мардуми одӣ ва донишҷӯён, балки зиёиёну фарҳангиёне, ки даҳҳо сол дар пойтахт зиндагӣ мекарданд, Душанберо ноумедона тарк намуда, ба маҳаллу зодгоҳи бобоии худ баргаштанд. Ҳамин тавр, хатари воқеии парокандагии Тоҷикистони ягона пеш омада буд.
Вале, хушбахтона, ба шарофати иродаи ҷиддии Эмомалӣ Раҳмон ин хатар бартараф гашта, ягонагии Тоҷикистон таъмин карда шуд. Ва ин дастоварди дигарест, ки номи ӯро дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон ҳамчун наҷотбахши давлат ва пешвои миллат ҷовидона мегардонад. 
Ҳамчун қадами сеюм Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки дар муддати барои таърих бисёр кӯтоҳ низоми мукаммал ва муосири давлатдориро барқарор намуда, аркони давлатдории миллӣ ва ниҳодҳои асосии давлатдории моро эҳё намояд. Барои он, ки вазъияти онрӯзаи давлатдории Тоҷикистонро дуруст ба ёд орем, аз гузориши раиси онвақтаи Шӯрои Олӣ Акбаршоҳ Искандаров дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ иқтибос меорем, ки гуфта буд: «Имрӯз дар кишвар органҳои конститутсионӣ амалан фалаҷ шудаанд… Агар ин вазъият идома ёбад, хатари он мавҷуд аст, ки Тоҷикистон аз харитаи ҷуғрофиёии ҷаҳон умуман нест шавад». Ин буд вазъияти воқеии кишвар дар рӯзҳои аввали ҳамчун роҳбари Тоҷикистон интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳоло бисёриҳо дар шароити орому осудаи имрӯза, даъвои вазирию кабирӣ ва раҳбарию сарварӣ доранд, вале дар он рӯзҳо, ки кишвар дар коми оташ месӯхт, иддае ба ояндаи Тоҷикистон бовар надошта, ҳатто ба вазифаи вазирӣ розӣ намешуданд… Вазифаи сарварии давлат ҳам ба чанд нафар аз шахсиятҳои мӯътабари кишвар ҳамон рӯзҳо пешниҳод шуда буд, вале ҳамаи онҳо аз тарси ҷони худ ин масъулиятро ба душ нагирифтанд. Дар он рӯзҳо на танҳо мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, балки дар аксарияти минтақаҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимият низ пурра фалаҷ гашта буданд, ки барқарорсозии онҳо кори осон набуд.

Ва, хушбахтона, Эмомалӣ Раҳмон дар кӯтоҳтарин замон тавонист, ки мақомоти конститутсионии давлатдориро барқарор намуда, ниҳодҳои фалаҷшударо эҳё намояд. Тайи ин муддат Тоҷикистони соҳибистиқлол соҳиби сохтори мукаммали идорӣ, ҳукумати коршоям, парлумони касбӣ, артиши миллӣ, ниҳодҳои босалоҳияти қудратию амниятӣ ва дигар рукну абзорҳои зарурии давлатдории худ гашт.
Дар ин масъала бояд гуфт, ки маҳз ташаккул ёфтани системаи давлатӣ ва ҳамчун механизми ягона ба кор даромадани низоми давлатдорӣ яке аз заруратҳо ва нишондиҳандаҳои асосии барпо шудани давлат ва давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз системаи ташаккулёфтаи давлатӣ метавонад кори муназзами институти давлат ва бақои давлатдориро таъмин намояд. Бинобар ин, дар сатҳи муосир эҳё ва барқарор намудани системаи мукаммали давлатдории тоҷикон яке аз дастовардҳои бунёдии дигари Эмомалӣ Раҳмон, балки яке аз хидматҳои муҳимтарини ӯ барои давлату миллати тоҷик мебошад. Касоне, ки ба сиёсат ва давлат аз назари касбӣ менигаранд, то чӣ дараҷа ҳаётӣ будани ин дастовардро ба хубӣ дарк менамоянд.
Дастовард ё қадами устувори чоруми Эмомалӣ Раҳмон дар он буд, ки бо ҷасорат ва иродаи қатъии ӯ мардуми Тоҷикистон аз вартаи ҷанги дохилии хонумонсӯз раҳо гашта, ба ваҳдати миллӣ расид. Ғояи сулҳ, оштии миллӣ ва афву ҳамдигарбахшӣ аз муҳимтарин паёмҳое буданд, ки Сарвари давлат ҳанӯз дар рӯзи аввали интихобаш ба миён гузошта буд ва ин паёмҳо ҷавҳари тамоми барномаю фаъолияти баъдии ӯро ташкил намуданд.

Ҳамагон дар ёд доранд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури вакилони иҷлосияи таърихӣ ва дар пешгоҳи халқи шарифи Тоҷикистон савганд ёд кард: агар лозим шавад, ба ивази ҷони худ сулҳу ваҳдатро ба Тоҷикистони азиз бозмегардонам ва то даме, ки як гурезаи тоҷик дар хориҷ ба сар мебарад, ором зиндагӣ нахоҳам кард. Имрӯз шоҳидем, ки он суханон як шиори холии сиёсӣ набудаанд, балки фарёди самимии як фарзанди халқи тоҷик, ки дарди ҷонкоҳи миллат ва андешаи наҷоти Ватан тамоми вуҷудашро фарогирифта буд.

Ҳарчанд мардуми шарифи Тоҷикистон ташнаи сулҳу ваҳдат буд, аммо тарроҳони ин ҷанги бемаънӣ ба осонӣ аз нақшаҳои худ даст намекашиданд. Ин буд, ки ба Эмомалӣ Раҳмон солҳо лозим омад, то ба иҷрои яке аз паёмҳои марказии худ — барқарорсозии сулҳ ва ваҳдати миллӣ ноил гардад. Барои расидан ба ин ҳадафи муқаддас роҳбарияти давлат тавонист, ки ҳудуди як миллион гурезаро ба хонаҳояшон баргардонад, даҳҳо ҳазор манзили вайроншударо барқарор созад, ҳазорҳо макони ҷамъиятӣ ва нуқтаҳои истифодаи умумӣ, мисли мактабҳо, муассисаҳои тиббӣ, пулҳо, корхонаҳоро эҳё ва барқарор намояд. 
Ҷойи ифтихор аст, ки имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷиконро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун як мактаби бузурги сулҳофарӣ ва ҳалли низоъҳо эътироф намуда, мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор медиҳад.
Чор дастоварди зикршуда боис гаштанд, ки заруратҳои ҳаётии давлату миллат ба таври устувор таъмин гашта, масъалаи наҷоти миллӣ ҳалли худро ёбад. Ва дар ин раванди мураккабтарини таърихӣ, ки масъалаи буду набуди давлату миллат ҳал мешуд, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти дорои хусусиятҳои баланди роҳбарӣ зуҳур карда, ба таври табиӣ ба пешвои мардумӣ ва лидери умумимиллӣ табдил ёфт. Муҳимтарин хусусияти шахсияти сиёсии Сарвари давлат дар он буд, ки дар симояш тамоми рӯҳия ва хусусиятҳои беҳтарини халқи тоҷик ифода ёфта, ӯ дар муҳити мардумӣ ҳамчун падидаи худӣ, ҳамчун бахше аз худи мардум, ҳамчун «порае аз пайкари халқ» пазируфта шуд. Ҳамин тавр, бо зуҳури Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистон соҳиби пешво ё лидери ягонаи миллӣ гашт ва дар натиҷа яке аз муҳимтарин масъалаҳои миллӣ ва таърихии давлатдории мо, яъне масъалаи лидери сиёсии миллат ва пешвои эътирофшудаи давлатӣ ҳалли муносиби худро пайдо намуд. Ин дастоварди панҷуми Эмомалӣ Раҳмон, балки дастоварди бунёдии тамоми мардуми Тоҷикистон буд.  

Масъалаи пешвои миллӣ ва лидери эътирофшудаи давлатӣ як мавзӯи бисёр ҳаётии давлатдорӣ буда, дар мавриди он таваҷҷуҳ ба нуктаҳои зерин бисёр муҳим аст:

Якум, масъалаи пешвои миллиро набояд бо падидаҳои манфие чун шахсиятпарастӣ, авторитаризм, мадҳу ситоиши роҳбар канори ҳам гузошт. Пешвои миллӣ шахсиятест, ки маҳз бо ифои нақши воқеии сарнавиштсоз барои давлату миллати худ сазовори эътирофи умумимиллӣ гашта, масъалаи пешвоии ӯ ба таври табиӣ ва воқеӣ аз тарафи ҷомеа қабул мегардад. Пешвои миллӣ ба таври сунъӣ ё бо мадҳу сано сохта намешавад, балки он маҳсули як марҳалаи таърих, натиҷаи ҷонбозӣ ва аз худ гузаштанҳои шахсият дар роҳи давлату миллат, инъикоси воқеияти ҷомеа ва натиҷаи эътирофи воқеии мардум аст.
Дуюм, таҳлили ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузашта нишон медиҳад, ки дар он солҳо ҷомеаи мо илова бар мушкилоти дигар, ба буҳрони амиқи набудани лидери умумимиллӣ низ рӯ ба рӯ гашта буд. Ҳар як гурӯҳи аҳолӣ аз пайи лидерони ҳизбӣ, гурӯҳӣ, динӣ ва маҳаллии худ рафта, дар    айни  замон,  ин  «пешвоён» ҳамдигарро умуман эътироф намекарданд. Ҳамин тавр, ҷомеа ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ фурӯ рафт ва фоҷеаи миллӣ пеш омад. Бинобар ин, агар дар он марҳала шахсияти дар сатҳи умумимиллӣ эътирофшудае вуҷуд медошт, ки бо тамоми ҷасорат ва иродаи қавӣ зимоми идораи мамлакатро ба дӯш мегирифт ва ҳамчун кафили ҳифзи давлатдорӣ, суботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ тамоми нерӯҳои сиёсиро дар атрофи худ ҷамъ меовард, шояд пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ гирифта мешуд. Ин аст, ки дар баъзе марҳалаҳои таърихӣ ҳузури пешвои миллӣ барои миллат ва давлат ба як масъалаи сарнавиштсоз табдил мешавад.

Сеюм, набояд чунин пиндошт, ки масъалаи пешвои миллӣ як масъалаи кӯҳна буда, ба ҷомеаҳои анъанавӣ ва ғайридемократии асрҳои гузашта дахл дорад. Зеро, аз назари илми сиёсат, зуҳури лидери умумимиллӣ ва пешвои эътирофшудаи давлатӣ як зарурати бисёр ҷиддии давлатдорӣ ва давлатсозӣ буда, на танҳо дар гузаштаи дур, балки дар таърихи ҷаҳони муосир низ ҳастию бунёди аксари давлатҳои пешрафтаву демократии ҷаҳон ба номи шахсиятҳои алоҳидаи рамзӣ ва калидӣ вобаста аст. Чунин шахсиятҳо дар марҳалаҳои ҳассостарини таърихи давлатҳои худ зуҳур карда, на танҳо масъалаи буду набуд, балки роҳи минбаъдаи рушди ин кишварҳоро муайян намудаанд. Масалан, таъриху давлатдории Амрикои демократӣ ба номи Ҷорҷ Вашингтон, Фаронса бо Шарл Де-Голл, Чин бо Мао Зе Дун, Туркия бо Камол Отатурк пайвастагии зич доранд. Дар кишварҳои аъзои ИДМ бошад, касе наметавонад нақши калидии Владимир Путинро дар наҷоту эҳёи давлатдории Русия ва ё нақши таъйинкунандаи Нурсултон Назарбоевро дар ташаккул ва рушди давлатдории миллии қазоқҳо инкор намояд. Эътирофи хидмат ва ҷойгоҳи табиӣ ва воқеии ин шахсиятҳо ҳаргиз давлатҳои зикршударо аз сифати демократӣ маҳрум накардааст.   

Чорум, бисёр муҳим аст, ки масъалаи лидери сиёсии миллат бо масъалаи вуҷуди шахсиятҳои фарҳангӣ, адабӣ, ҳунарӣ ва маънавии миллӣ иштибоҳ гирифта нашавад. Миллати тоҷик дар тӯли таърихи худ садҳо фарзандони бузургеро парвариш намудааст, ки дар илму фарҳанг, донишу хирад ва ахлоқу одоб на танҳо дар минтақа, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ эътибору эътироф ёфтаанд. Аммо садсолаҳои набудани давлати миллии худӣ имкон намедод, ки мо дорои лидери сиёсии миллӣ ва пешвои эътирофшудаи давлатӣ бошем, зеро ташаккули чунин падида маҳз дар шароити давлати мустақили миллӣ имконпазир аст. Пас, худи ташаккули шахсияти давлатдор, ба майдон омадани давлатмард ва зуҳури лидери давлатию сиёсии миллат барои таърихи садсолаҳои охири мо падидаи комилан нав буда, сатҳи сифатан нав ё марҳалаи соҳибдавлатии рушди миллатро ифода мекунад.

Панҷум, яке аз муҳимтарин нақшҳои лидери миллӣ ва пешвои давлатӣ дар сарнавишти давлатҳо аз он иборат аст, ки чунин шахсиятҳо бо донишу таҷрибаи бузурги худ мактаби давлатдории миллиро поягузорӣ намуда, шароити ҳифз, рушд ва интиқоли арзишҳо ва анъанаҳои давлатдории миллиро фароҳам меоваранд. Хушбахтона, имрӯз зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мактаби давлатдории миллии муосири тоҷикон ташаккул ёфтааст, ки он яке аз омилҳои кафолатдиҳандаи рушд, субот, амният ва ҷовидонагии давлатдории мо мебошад.

Хулоса, зуҳур ва ташаккули пешвои миллӣ ё лидери сиёсии миллат як дастоварди бунёдии давлат ва миллати мо мебошад. Зеро, тавре таъкид шуд, таърихи аксари кишварҳои ҷаҳон собит намудааст, ки ташаккули лидери сиёсии миллӣ ва пешвои эътирофёфтаи давлатӣ як зарурати асосии марҳалаи эҳё ва барқарории давлатҳо буда, зуҳури он тамоми таърихи минбаъдаи давлатҳо ва миллатҳоро муайян мекунад.

Тавре зикр шуд, зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мактаби давлатдории миллии тоҷикон дар замони нав ташаккул ёфта, ҷанбаҳои шаклӣ, сохторӣ, мазмунӣ ва арзишии он дар сатҳи муосиртарин ба вуҷуд оварда шуданд. Дастоварди шашум ва бисёр ҳаётии Тоҷикистон зери сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар он буд, ки маҳз дар доираи мактаби давлатдории ӯ сохти нави давлатдории муосири тоҷикон, яъне давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёд бунёдгузорӣ шуд. Ин ғояи меҳварӣ аз аввалин рӯз аз тарафи роҳбари тозаинтихоби кишвар ҳамчун хати ҳаракати ояндаи Тоҷикистон расман садо дод ва дар натиҷаи талошҳои зиёд соли 1994 дар моддаи якуми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамеша сабт шуд.

Дар ин муддат ба давлати мо муяссар гашт, ки як силсила меъёрҳои усулии низоми демократӣ, аз ҷумла, асосҳои демократии сохти давлатдорӣ, моҳияти дунявӣ ва иҷтимоии давлат, муқаддас будани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, асли гуногунфикрии сиёсӣ, фаъолияти порлумони касбӣ, бунёдҳои ҳуқуқии ҷомеаи шаҳрвандӣ, дахлнопазирии моликияти хусусӣ, таъмини адолати судӣ, баробарии ҳама дар назди қонун, баробарҳуқуқии занону мардон, асли озодии виҷдону эътиқодро асоси устувори қонунӣ бахшад.
Ҳамчунин, дар ин давра давлат зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар масъалаҳои ташаккули низоми бисёрҳизбӣ, татбиқи гуногунфикрии сиёсӣ, баланд бардоштани ҳуқуқи занон ва таъмини баробарҳуқуқии зану мард дар ҷомеа дастовардҳои муҳим касб намояд. Имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти Тоҷикистон занон нақши сазовори худро дошта, дар оянда низ ин сиёсати давлатӣ ба таври ҷиддӣ идома меёбад.
Хулоса, Тоҷикистон ҳаракати орому устувори худро дар роҳи бунёди давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёд идома дода истодааст. Ду даҳсолаи гузашта нишон дод, ки интихоби ин роҳ интихоби дурусту дурбинона буда, худи ҳамин ғоя ба яке аз заминаҳои асосии ҳаёти осоиштаи ҷомеа табдил ёфтааст.
Қадам ё дастоварди бунёдии ҳафтуми Тоҷикистон зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар он буд, ки дар ин давра зерсохторҳои ҳаётии ваҳдати миллӣ ба вуҷуд оварда шуданд. Манзур аз ин зерсохторҳо, пеш аз ҳама, бунёди роҳҳои мошингард, нақбҳо, хатҳои интиқоли барқ, шабакаҳои умумии иттилоърасонии сартосарӣ ва ғайра мебошад. Бале, роҳҳо, нақбҳо ва пулҳо пеш аз ҳама, аҳамияти иртиботию иқтисодӣ доранд ва ин нақши худро иҷро карда истодаанд. Вале ёд дорем, ки дар оғози ин барномаҳои азим баъзеҳо маънидорона мепурсиданд, дар ҳоле ки кишвар мушкилоти ҷиддитари иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дорад, ба бунёди чунин роҳҳо ва воситаҳои иртиботии гаронқимат чӣ ҳоҷат аст?

Вале, вақте ин роҳҳо, нақбҳо ва пулҳо сохта мешуданд, Эмомалӣ Раҳмон дар замири худ илова бар ҳадафи иқтисодӣ, як барномаи бисёр ҷиддитар аз роҳсозию нақбканӣ дошт: ӯ, пеш аз ҳама, онро дар назар дошт, ки ин роҳҳо ва ин нақбҳо чун рагҳои хунгарди як пайкари зинда кишвари моро ба кишвари ягона ва миллати моро ба миллати ягона табдил медиҳанд. Зеро, кишваре, ки минтақаҳои он бо ҳамдигар соле дар тӯли 6 моҳ робита надошта бошад, кишваре, ки мардуми он дар тӯли солҳо натавонад ба минтақаҳои дигари кишвар сафар кунад, чӣ гуна метавонад ваҳдати худро ҳифз намояд? Маҳз робитаи доимӣ ва рафтуомади ҳамешагӣ тафаккури мардумро аз сатҳи деҳаҳою маҳалҳою минтақаҳо берун оварда, дар сатҳи миллати ягона ташаккул медиҳад.

Дар ин давра ба Ҳукумати Тоҷикистон муяссар гашт, ки бо сохтани хатҳои интиқоли барқи «Лолазор — Хатлон» ва «Ҷануб-Шимол» шабакаи ягонаи энергетикии кишварро барқарор намояд, ки он на танҳо як омили ваҳдат, балки омили муҳими амнияти миллӣ низ гаштааст. Ҳамчунин, муяссар гашт, ки дар ниҳоят шабакаҳои саросарии иттилоърасонӣ дар сатҳи кишвар барқарор гарданд. Дар натиҷа, имрӯз мавҷҳои шабакаҳои радиоӣ ва телевизонии Тоҷикистон тамоми нуқтаҳои кишварро фаро гирифтаанд, ки ин низ яке аз зерсохторҳои ҳаётии ваҳдати миллӣ буда, барои ташаккули тафаккури ягонаи миллӣ нақши ҷиддӣ мебозад.
Хулоса, ваҳдати миллии мо бо зерсохторҳои зарурӣ низ таъмин гардид, ки бидуни он пойдории ваҳдатро тасаввур кардан мушкил буд. Ин ҳам яке аз дастовардҳои ҳаётист, ки Тоҷикистон зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ба он ноил гашт.
Дастоварди ҳаштум дар он буд, ки дар ин давра ба Эмомалӣ Раҳмон муяссар гашт, то соҳаҳои асосии хоҷагии халқи кишварро эҳё намояд ва ҷомеаи моро аз бӯҳрони шадидтарини иқтисодӣ ва иҷтимоӣ берун оварад. Ин раванд дар се марҳала анҷом ёфт:
Марҳалаи якум, таъмини фаврии мардум бо маводи ғизоӣ, сарпаноҳ ва эҳтиёҷоти аввалия буд. Дар рӯзҳои аввали Сарвари давлат интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон баъзе минтақаҳои кишвар бо хатари ҷиддии гуруснагӣ рӯбарӯ буданд, дар минтақаҳои дигари кишвар низ таъмини нон, хӯрок ва ашёи зарурии рӯзгор масъалаи асосӣ ба ҳисоб мерафт. Ҳатто дар пойтахти кишвар мардум рӯзҳои дароз барои нон навбат меистоданд. Дар чунин вазъият барномаи аввалиндараҷаи Эмомалӣ Раҳмон гирифтани пеши роҳи гуруснагӣ ва талафоти мардум буд, ки хушбахтона, бо муваффақият амалӣ шуд. Барои расидан ба ин ҳадаф, аз ҷумла лозим омад, ки 75 ҳазор гектар замин ба аҳолӣ тақсим карда шавад. Мардуми деҳот онро ҳамчун «замини президентӣ» хуб дар ёд доранд.
Марҳалаи дуюм, раҳоии мардум аз фақру камбизоатӣ буд. Ин кор иҷрои барномаҳои ҷиддии давлатиро тақозо мекард, ки муҳимтарини онҳо татбиқи Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад. Хушбахтона, бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аз ҳудуди 90% то зери 30% коҳиш дода шуд. Бале, имрӯз низ мо қишри камбизоат дорем, вале акнун камбизоатӣ ҳолати умумии ҷомеаи мо нест ва давраи зиндагии мардум бо ёриҳои хайрияи башардӯстона кайҳо гузаштааст.
Марҳалаи сеюм, ба амал баровардани ислоҳоти иқтисодӣ буд, ки муҳимтарин бахши он гузаштан ба иқтисоди бозорӣ ва ба вуҷуд овардани бахши хусусӣ ба ҳисоб мерафт. Дар соҳаи кишоварзӣ бошад, ба давлат муяссар шуд, ки аз сохти хоҷагидории кӯҳна ба тарзи нави хоҷагидорӣ гузарад, ки дар натиҷаи он деҳқон ба соҳиби воқеии замин табдил гашта, худ барои ба даст овардани ҳосили фаровон ҳавасманд гардид.
Хулоса, ҳар касе, чи мутахассис ва чи шаҳрванди одӣ, вазъияти имрӯзаи зиндагии мардуми кишварро на танҳо бо солҳои мудҳиши 90-ум, балки ҳатто бо 10 ё 5 соли пештар боинсофона муқоиса намояд, бидуни шак эътироф хоҳад кард, ки имрӯз сатҳи зиндагӣ дар кишвар ба таври бунёдӣ тағйир ёфта, мушкилоти асосии мардум аллакай дар гузаштаи дур мондаанд, иқтисодиёти мамлакат аз марҳалаи барқарорсозӣ пурра гузашта, ба марҳалаи рушди устувор ворид шудааст. Бояд эътироф намуд, ки барои ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум ҳанӯз корҳои зиёде дар пеш аст. Вале, дар айни замон, бо камоли масъулият метавон гуфт, ки чархаи иқтисодию иҷтимоии ҷомеаи мо ба пеш ба ҳаракати муназзам даромадааст, ки ин як дастоварди бунёдӣ мебошад.

Дастоварди бунёдии нуҳум дар он ифода мегардад, ки талошҳои фарҳангсолоронаи Эмомалӣ Раҳмон заминаи онро гузошт, то миллати тоҷик ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсӣ ва этнофарҳангӣ эҳё гашта, ба худшиносии миллӣ ва истиқлолияти фикрӣ бирасад. Тайи ин давра ӯ дар самти эҳёи фарҳангу арзишҳои миллӣ, тақвияти худшиносии миллӣ ва ташаккули рӯҳияи ягонаи миллӣ қадамҳои устувор гузошт. Дар ин давра ба роҳбарияти давлат муяссар гашт, ки забони тоҷикиро ҳамчун яке аз рукнҳои асосии миллат пурра эҳё намуда, корбурди комили идорию сиёсӣ ва илмию ҷамъиятии онро таъмин созад. Ба хотири тақвияти худшиносии миллӣ, ташаккули эътимоди қавии мардум ба фарҳанг ва арзишҳои миллии худ ба Эмомалӣ Раҳмон зарур омад, ки бо барномарезиҳои ҳадафманд хотираи таърихии миллатро эҳё ва барқарор намояд. Бо ин ҳадаф, бо супориши бевоситаи ӯ симои як силсила абармардони таъриху фарҳанги миллат эҳё шуда, ҷашнҳои бошукӯҳи бузургдошти онҳо дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ баргузор шуданд, ки Исмоили Сомонӣ, Имоми Аъзам Абӯҳанифа, Имом Бухорӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Имом Ғаззолӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Ҳамчунин, чун рамзи сипоси абадии мардуми Тоҷикистон барои хидматҳои беназирашон ба як зумра абармардони таъриху фарҳанг, аз ҷумла Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шотемур унвони баландтарин — Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.

Дар раванди эҳёи худогоҳии миллӣ баъзеҳо эътироз доштанд, ки давлат беш аз ҳад ба гузашта рӯй оварда, «сиёсати таърихгаро»-ро пеш гирифтааст. Вале, дар ҳолате ки пояҳои худшиносии миллии мо осеби ҷиддӣ дида, миллати мо аз асолати худ то ҳадде дур карда шуда буд, марҳалаи эҳёи хотираи таърихӣ ва барқарорсозии пойдеворҳои худшиносии миллӣ як зарурати бисёр муҳимми ҳам миллию таърихӣ ва ҳам давлатию сиёсӣ буд. Аз тарафи дигар, ҳамаи ин иқдомҳо барои тарбияи насли наврас бар пояи арзишҳои миллӣ ва дар рӯҳияи ватандорӣ таъсири ҷиддӣ доранд. Ҳадафи ниҳоии ин иқдомҳо иборат аз он буд, ки миллати мо бо касби худогоҳӣ ва эътимод ба худ, ба марҳалаи истиқлолияти фикрӣ бирасад. Ин масъала аҳаммияти ҳамаҷонибаи назарӣ ва амалӣ дорад, зеро то истиқлолияти фикрии як миллат таъмин нагардад, истиқлолияти сиёсии он нокомил боқӣ мемонад. Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон на танҳо истиқлолияти сиёсии давлат, балки истиқлолияти фикрии миллатро низ эҳё намуд, ки ин як дастоварди меҳварӣ ва бунёдӣ мебошад.
Қадами устувор ё дастоварди бунёдии дигар дар он буд, ки талошҳои Эмомалӣ Раҳмон боис гашт, то Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи сазовори худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо кунад. Ҳанӯз дар аввалин Муроҷиатномае, ки ӯ ҳамчун Сарвари давлат ба халқи шарифи Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул карда буд, маҳз бар зарурати ҳамчун воҳиди баробарҳуқуқ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ворид шудани Тоҷикистон таъкид карда мешуд. Сиёсати «Дарҳои боз», ки заминаи он маҳз аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд, дар ин муддат ҳамчун як консепсияи амалгароёна, мутавозин ва сулҳомез натиҷаҳои зарурӣ дода, обрӯю эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боло бурд. Ҳоло Тоҷикистон бо беш аз 140 кишвари ҷаҳон робитаи дипломатӣ барқарор намуда, узви комилҳуқуқи беш аз 40 созмони байналмилалӣ мебошад.

Дар мавриди ҷойгоҳи байналмилалии Тоҷикистон сухан гуфта, зикр кардан зарур аст, ки кишвари мо як узви бемавқеъ ва ё назоратгари одии равандҳои сиёсии байналмилалӣ набуда, балки сиёсати хориҷии соҳибташаббус дорад. Шояд зикр кардан кофӣ бошад, ки маҳз бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи умумии СММ соли 2003-ро «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» ва соли 2013- ро «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» эълон намуд. Имрӯз пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълон намудани даҳсолаи нави  байналмилалии «Об барои рушди устувор» барои даҳсолаи оянда мавриди дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад.

Мавқеи фаъоли Сарвари давлати Тоҷикистон хусусан, дар масъалаҳои минтақавӣ, аз ҷумла, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли воқеии буҳрони Афғонистон барои ҳамагон маълум аст. 
Ҳамин тавр, имрӯз бо камоли ифтихор метавон гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақили соҳибихтиёр ҷойгоҳи муносиб ва сазовори худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо кардааст. Ин тантанаи як ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик аст, ки, хушбахтона, зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ҷомаи амал пӯшид.
Хулоса, агар ин дастовардҳои усулиро канори ҳам гузорем, метавон гуфт, ки дар натиҷаи фаъолияти ҷиддӣ ва бисёрсамтаи Эмомалӣ Раҳмон давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт, тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун давлати ягона ҳифз шуд, аркони асосии сиёсӣ, идорӣ ва қудратии давлатдории миллии мо эҳё ва барқарор гашт, миллати тоҷик ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсию этнофарҳангӣ эҳё ва ҳифз гардид, ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон таъмин шуд, зерсохторҳои зарурии ваҳдати миллӣ барқарор гардиданд, сохти давлатӣ ва самти сиёсии давлатдории тоҷикон дар замони муосир мушаххас шуд, соҳаҳои асосии хоҷагии халқи мамлакат барқарор гашт ва ниҳоят, Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ҷойгоҳи устувори худро дар арсаи байналмилалӣ касб намуд.
Аз нигоҳи илми сиёсат ва аз назари фанни давлатдорӣ ҳамаи ин чӣ маъно дорад? Ин ҳақиқати инкорнопазир ба он маъност, ки аввалан, Эмомалӣ Раҳмон рисолати таърихии худро дар назди ватан, миллат ва таърих ба ҷой овард. Яъне, он вазифаҳои таърихие, ки дар назди ӯ, ҳамчун Сарвари давлати тоҷикон гузошта шуда буд, ҷомаи амал пӯшиданд.
Дуюм, ин дастовардҳо ба он маъност, ки зери сарварии ӯ Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва устувор ба як воқеияти инкорнопазири таърихӣ ва сиёсӣ табдил ёфт. Имрӯзҳо дар таҳлилҳои илмии сиёсӣ нисбат ба кишварҳое, ки масъалаҳои асосии сарнавишти худро ҳал карда натавонистаанд ва ояндаи буду набудашон ҳанӯз рӯшан нест, истилоҳи «давлатҳои ноком»-ро ба кор мебаранд. Ва гоҳо бадхоҳони давлатдории тоҷикон низ мехостанд, ки давлати мо маҳз дар ин радиф қарор гирад. Вале имрӯз, мо метавонем бо сарбаландию ифтихор эълон намоем, ки Тоҷикистон зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати мустақил барпо шуд, ҳамчун воқеияти устувори таърихию сиёсӣ доир гашт! Дигар ҳеҷ касе ва ҳеҷ нерӯе наметавонад, ки мавҷудияти Тоҷикистон, истиқлолияти давлатӣ ва ягонагии кишвари моро зери савол гузорад.
Бинобар ин, имрӯз мо бо камоли масъулият дар баробари рӯҳи бузурги ниёгонамон, дар пеши таърихи пурфоҷеаи миллатамон, дар баробари рӯҳи ҷовидони қурбониёни ин роҳи муқаддас ва дар назди халқҳои ба мо дӯсти ҷаҳон эълон намоем, ки рисолати таърихии худро ба ҷой овардем, давлати худро соҳибӣ кардем, ҳифз намудем ва ҳифз хоҳем намуд. Ин аст дастоварди муҳимтарини фаъолияти сарварии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарзанди ватан ва пешвои миллат. 
Акнун Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари баркамол дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсию амниятии минтақа ва ҷаҳон Тоҷикистонро чун узви сарбаланди ҷомеаи ҷаҳонӣ бо камоли масъулият муаррифӣ менамояд. Бо назардошти ҳассосияту печидагии фазои сиёсию амниятии минтақа ва ҷаҳон бояд гуфт, ки дар ҳақиқат, дар чунин марҳалаи печидаи таърихӣ ин мамлакат бояд чунин пешвои пухтакору озмудае дошта бошад. 

Имрӯз мардуми Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон на ҳамчун ба як роҳбари одӣ, балки ҳамчун ба як наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ ва дар маҷмӯъ, ҳамчун ба меъмори давлатдории навини тоҷикон ва пешвои эътирофшудаи умумимиллӣ менигарад. Пас, пешвои миллӣ будани Эмомалӣ Раҳмон як мансаб ё як унвон нест, балки пешвои миллӣ будани ӯ як ҷойгоҳ аст, як нақш ва як рисолати таърихиест, ки ӯ дар шоҳидии тамоми мардум ба он расидааст. 

Ин аст, ки дар Тоҷикистони имрӯза ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон маънои васеътар аз ҷонибдорӣ аз як шахсро гирифтааст, балки ҷонибдорӣ аз ӯ ба маънои ҷонибдорӣ аз ояндаи устувори давлатдории миллӣ, аз истиқлолияти сиёсӣ ва фикрии миллат, аз низоми давлатдорӣ, аз суботу амнияти ҷомеа ва ҷонибдорӣ аз ваҳдату сарҷамъии миллат мебошад. Зеро сиришти мардумӣ, эҳсоси худӣ, иродаи қавӣ ва таҷрибаи бузурги Эмомалӣ Раҳмон қалби ҳар шаҳрвандро саршор аз ҳисси боварию эътимод ба фардо, ба ояндаи фарзандони худ ва ба дурнамои давлату миллат менамояд.
Ин ҳолати нодирест, ки мардум ба роҳбари худ ҳамчун ба худ, балки бештар аз худ боварӣ ва эътимод дорад. Ин аст моҳияти пешвои миллат будан. Ин аст моҳияти ба таври воқеӣ ва ба таври комилан табиӣ пешвои миллат будан.  

Ҳаким А.Р.,
сиёсатшинос

Ноябрь 26, 2015 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боку таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Академияи дипломатии Озарбойҷон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ шуд
10 феврал дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
8 феврал дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Зимни ҳамоиши ҳизбӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 200 нафар ятимон ва донишҷӯён бо корти нақлиётӣ таъмин гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон 7 ихтисоси нав таъсис ёфт
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дастовардҳои Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амният матраҳ гардиданд
То 1 октябри соли 2025 Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
«МЕҲРИ МОДАР». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдом баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад