Пулиси Белгия то ҳол натавонистааст гумонбари асосии амалҳои террористии Парижро боздошт кунад
Душанбе, 23.11.2015 (АМИТ «Ховар»).-Ба пулиси Белгия то ҳол муяссар нашудааст, ки гумонбари асосӣ дар содиршавии амалҳои террористии Париж Салоҳ Абдуисломро дастгир кунад. Намояндаи Прокуратураи федералии Брюссел расман изҳор кард, ки амалиёти умумимиллии махсус ба анҷом расидааст. Тибқи иттилои намояндаи Прокуратураи федералии Брюссел дар ҷараёни амалиёти махсус 19 маротиба санҷишҳо гузаронида шуда, 16 нафар бо гумони алоқаманд будан ба терроризм дастгир шуданд. Яке аз ин нафарон ҳангоми кӯшиши гурехтан аз кормандони пулис захмӣ шудааст.
Бо вуҷуди ба анҷом расидани амалиёти махсус дар давоми рӯз дар пойтахти Белгия фаъолияти метро, марказҳои варзишӣ, дилхушӣ ва савдо қатъ шудааст. Иттилоъ дода мешавад, ки зимни амалиёти махсус дар наздикии шаҳри Леж шахси монанд ба Абдуислом мушоҳида карда шуд, вале ба ҷинояткор муяссар гардид, ки худро аз кормандони пулис пинҳон кунад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






