Пулиси Фаронса аз сокинони Париж хоҳиш кард, ки хонаҳои худро тарк накунанд
Душанбе, 14.11.2015 (АМИТ «Ховар») — Шоми дирӯз, 13-уми ноябр таркиш ва тирпаррониҳои шадид якбора дар чанд мавзеи шаҳри Париж, аз ҷумла дар наздикии варзишгоҳи Стад де Франс, ки он ҷо бозии дастаҳои мунтахаби футболи Фаронса ва Олмон бо ҳузури даҳҳо ҳазор мухлисон, аз ҷумла Президенти Фаронса Франсуа Олланд идома дошт, ба амал омаданд. Тавре ки расонаҳои фаронсавӣ иттилоъ медиҳанд, дар баробари таркишу тирпарониҳо, ҳамчунин гурӯҳи террористон дар толори консертии театри «Батаклан» шумораи зиёди одамонро ба гарав гирифтанд. Зимни ин амали террористӣ, ки дар театри «Батаклан» содир шуд, наздик ба 120 нафар кушта шуда, зиёда аз 40 нафари дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.
Президенти Фаронса ба воситаи телевизион ба шаҳрвандони Фаронса муроҷиат карда, изҳор намуд, ки тамоми чораҳои амниятӣ роҳандозӣ шуда, дар қаламрави Фаронса вазъияти фавқулодда эълон гардидааст. Ҳамчунин сарҳади давлатӣ дар ҳамаи нуқтаҳои сарҳадӣ баста мешавад. Вазорати корҳои дохилии Фаронса аз сокинони Париж ва ноҳияҳои атрофи он хоҳиш кардааст, ки хонаҳои худро тарк накунанд ва ба амалиёти зиддитеррористӣ халал нарасонанд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






