Р. Раҳимзода: «Масъулияти кори милитсия муҳим, вале сангин аст»
Душанбе, 10.11.2015 (АМИТ «Ховар»).-Дар идомаи ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Иди касбии кормандони милитсия имрӯз вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро зимни суханронӣ зикр кард, ки: «Милитсияи Тоҷикистон яке аз фаъолтарин сохтори қудратии давлат маҳсуб шуда, масъулиятеро бар дӯш дорад, ки басо ҳассос ва дар бисёр маврид сангин аст. Милитсия ҳамеша ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои мардум, ҳифзи молу мулк, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва мубориза бо ҷинояткориро рисолати аслии худ шинохта, дар ин роҳи пуршараф корҳои зиёдеро анҷом додааст. Ин аст, ки ҷомеаи мо ба нақши милитсия дар таҳкиму пойдории сулҳу суботи кишвар ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ баҳои баланд дода, ба заҳмати кормандони Вазорати корҳои дохилӣ барои таъмини бехатарӣ ва оромии сокинон эҳтиром мегузорад».
Дар идомаи ҷаласаи тантанавӣ консерти идона бо иштироки ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ ва ансамбли «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилӣ баргузор гардид. Ҳунармандон бо рақсу сурудҳои ҷаззоб ба ҳозирин ғизои маънавӣ бахшиданд.
Дар хотимаи ҷаласаи идона арзи сипоси вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз номи ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иброз гардид ва он бо суханони зерини дастаҷамъонаи ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ хотима ёфт:
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем!








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






