Рӯзи Парчами миллӣ муборак бод, тоҷикистониёни азиз!

Ноябрь 24, 2015 05:35

Душанбе, 24.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз  дар саросари Тоҷикистон рӯзи Парчами  миллӣ таҷлил  мешавад. Дар  робита бо  ин, роҳандозии  бархе чорабиниҳо дар  назар  аст. 
Дар  пойтахти  кишвар роҳпаймоии  ҷавонони байрақбардор аз муҷассамаи  Абӯалӣ  ибни  Сино то  майдони  ба  номи «Дӯстӣ» сурат  мегирад.
Бегоҳии  имрӯз  дар «Наврӯзгоҳ» — и пойтахт роҳпаймоии ботантана  ва  консерт бо  иштироки 8 ҳазор  нафар  сокинони  Душанбе баргузор  мегардад. 
Дар  ҳошияи  иди рӯзи  Парчами  миллӣ  доир  намудани  намоишгоҳҳои  китоб, мизҳои  мудаввар ва  конфронсҳо  бахшида ба  таърихи парчами  Тоҷикистон  дар  назар  аст. 
Дар  ин  рӯз  дар  маркази  маъмурии  вилояти   Хатлон  шаҳри  Қӯрғонтеппа   роҳпаймоии ҷавонон,  сокинони  шаҳр,  намояндагони созмонҳои вилояту  шаҳр  пешбинӣ  шудааст. Иштирокдорони роҳпаймоӣ  аз  чор  гӯшаи  шаҳр   сӯи  майдони  марказӣ ҳаракат  мекунанд. Сипас  дар  ин  ҷо  сайругашти  оммавӣ баргузор  шуда, барномаи  консерт намоиш  дода  мешавад. 
Дар  вилояти  Суғд Рӯзи  парчами  миллии  кишварро дар  шаҳри  Хуҷанд бо   роҳпаймоии  идонаи  беш  аз 8  ҳазор нафар сокинон  таҷлил  менамоянд.   Онҳо  парчами 500 метраро  аз дарвозаи ҷануби  шарқӣ то  маркази  шаҳр мебаранд.
Дар  маҷмааи  фарҳангию  таърихии «Қалъаи  Хуҷанд» маросими  ботантана ва  консерти  идона  бо  иштироки  ҳунарпешагони  маъруфи  вилоят  баргузор  мешавад. 
Ёдовар  мешавем, ки Парчами   давлатии  Тоҷикистон  яке  аз рамзҳои соҳибихтиёрии  давлатии ҷумҳурӣ ба шумор  меравад, ки  24  ноябри  соли  1992  дар  иҷлосияи  ХV1  Шӯрои олии  кишвар  қабул  шуда буд. Рангҳои сурх, сафед  ва  сабзи он  маънои  мубориза  ва ҷоннисоркуниҳои  халқ барои  озодӣ ва  истиқлолият, бахту  иқболи  сафед ва  покизагӣ,  саъю  кӯшиш  ва  заҳмату  меҳнати  сокинон  баҳри  сабзу  хуррам  гардонидани Ватанро  доранд. Ҳафт ситораи секунҷадори парчам  рамзи  давлати соҳибихтиёру   мустақиланд.
Парчами  давлатӣ  ҳангоми роҳандозии тадбирҳои расмии  давлатӣ, фарҳангию  варзишӣ  дар  муносибатҳои  байналмилалӣ ва ҳаёти  рӯзмарраи  ҳар узви  ҷомеа  мақоми  муҳимро  касб  намудааст. 
Тоҷикистон ба туфайли  парчам бори нахуст дар Китоби  рекордҳои  Гиннес ҷой  гирифт. 9  сентябри  соли  2011  дар  маросими  ботантана  дар  шаҳри  Душанбе бахшида ба  20  — солагии  истиқлолияти  Тоҷикистон Парчами   давлатии  кишвар дар пояи 165  метраи балантарин дар  ҷаҳон (рекорди пештараи  баландии  162  метра мутааллиқ  ба Озарбойҷон  аст) овехта  шуд. Ҳаҷми  парчам  60  бар  30  метр  буда, камаш  700  килограмм  вазн  дорад. 

 

Ноябрь 24, 2015 05:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд