Радиои Покистон: «Покистон хостори татбиқи барвақтии лоиҳаи CASA-1000 аст»

Ноябрь 13, 2015 08:41

Душанбе, 13.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Покистон ва Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд ҳамкориро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла энергетика, дифоъ, амният, маориф ва фарҳанг тақвият бахшанд. Ин нуқтаро Сарвазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз мулоқот дар Исломобод зимни нишасти матбуотии муштарак таъкид доштанд, иттилоъ медиҳад Радиои Покистон.
Ба гуфтаи Сарвазир, Покистон барои пеш аз муҳлат ба анҷом расонидани лоиҳаи CASA-1000 таваҷҷуҳи калон зоҳир мекунад. Ӯ илова намуд: «Татбиқи лоиҳаи мазкур марҳилаи нав дар муносиботи ҳар ду ҷониб гардида, ба онҳо такони ҷиддӣ мебахшад ва ҳамчунин ба талаботи энергетикии Покистон кумак мерасонад».
Бино ба иттилои Радиои Покистон, Сарвазир диди худро оид ба ҳамсоягии нек баён намуд, ки дар рушди иқтисодию иҷтимоии мардуми Покистону Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад. Ӯ таъкид кард, ки ҳар ду кишвар дар решакан кардани терроризм дар минтақа мавқеи ҳамоҳанг доранд.
Навоз Шариф изҳор дошт: «Мо бо Ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи самтҳои муносибатҳои дуҷонибаро самимона ва судманд баррасӣ карда, доир ба масъалаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонии мавриди таваҷҷуҳи  тарафайн табодули афкор намудем. Мо дар масъалаҳое, ки имрӯз мавриди муҳокима қарор гирифтанд, назари ҳамоҳанг дорем.
«Ҳар ду кишвар оид ба пешбурди сармоягузорӣ ва табодули ҳайатҳо ба мувофиқа расиданд»,-гуфт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва таъкид кард, ки: «ҷонибҳо ҳавасмандии худро дар таҳкими ҳамкории амнияту дифоъ, энергетика, фарҳанг, илм ва технология таъйид намуданд», — мегӯяд манбаъ. Ҳамчунин дар сомонаи Радиои Покистон омадааст: «Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки ҳар ду ҷониб равобити мардуми ду кишварро низ тақвият мебахшанд. Ӯ илова намуд, ки созишномаҳо ва Ёддошти тафоҳуми ба имзо расида марҳилаи нав дар муносиботи миёни ду кишвар хоҳанд буд».

Ноябрь 13, 2015 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа