Раисони кумитаҳои замин аз курси такмили ихтисос гузаштанд
Душанбе, 25.11.2015.(АМИТ «Ховар»).-Дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос, ки дар мавзӯи «Идоракунии замин: ҳолат ва дурнамо» муддати як ҳафта идома дошт, ба анҷом расид. Курси мазкур барои раисони кумитаҳои идораи замини вилоятҳои Бадахшон, Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ созмон дода шуд.
Тибқи нақша ба шунавандагон доир ба заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, механизми идораи замин дар шароити муосир, назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, ислоҳоти замин: ҳолат ва дурнамо, таҳия ва амалисозии сиёсати давлатӣ оид ба идораи замин, баҳои замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ машғулият гузаронида шуд. Дар фарҷом ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Лутфия Абдулхолиқзода ба тамоми шунавандагон «Гувоҳнома» ва нусхаи электронии машғулиятҳои доиргаштаро тақдим намуд.








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид






