Роғун: хизматрасонии бонкҳо коҳиш ёфтааст

Ноябрь 12, 2015 03:09

Роғун, 12.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Яке аз омилҳои асосии таҳлили соҳаҳои воқеии  иқтисодиёт  таъмини сиёсати ягонаи  фаъолияти бонкӣ мебошад. Аз тарафи бахшҳои бонкҳои шаҳри Роғун дар нўҳ моҳи соли ҷорӣ дар маҷмӯъ 77 млн. 283 ҳазор сомонӣ хизматрасониҳои пулӣ иҷро шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  15 млн. 822,2 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Ин нишондод ба Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» 40 млн. 544,4 ҳазор сомонӣ, филиали ҶСК «Ориёнбонк» 35 млн. 850,   ҳазор сомонӣ, филиали ҶСК «Агроинвестбонк»  888,6 ҳазор сомонӣ рост меояд.
Дар давраи ҳисоботӣ тавассути бонкҳои мазкур 39 млн. 511,6 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳрвандони шаҳри Роғун интиқол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17 млн. 055,3 ҳазор сомонӣ кам мебошад.
Дар соли ҷорӣ  аз тарафи бонкҳои мазкур ҷиҳати дастгирии соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ба муштариён ба маблағи 2 млн. 937,1 ҳазор сомонӣ қарзҳо дода шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 млн. 049 ҳазор сомонӣ кам аст.

Ноябрь 12, 2015 03:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад