Русия дар ҷавоб ба амали Туркия тадбирҳои дорои хусусияти ҳарбӣ, дипломатӣ ва иқтисодӣ меандешад
Душанбе, 26.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Русия Владимир Путин дар маросими супоридани эътимодномаи сафирони нави кишварҳои хориҷ суханронӣ намуда, таъкид кард, ки Русия зарбаи хоинонаи ба пуштзадаи онҳоеро, ки дар мубориза бар зидди терроризм шарики худ мехонд, комилан шарҳнопазир мешуморад. «Мо зарбаи хоинонаи ба пуштзадаи онҳоеро, ки дар симояшон мо шарик ва иттифоқчиро дар мубориза бар зидди терроризм медидем, комилан шарҳнопазир меҳисобем», — гуфт ӯ.
«Туркия то ҳол дар сатҳи баланд аз Русия барои сарозер кардани СУ-24 бахшиш напурсидааст, ҳамчунин ҷуброн кардани зарарро пешниҳод накард ва ҷазо додани гунаҳкоронро низ ваъда надодааст», — В. Путин эълом дошта, зикр намуд, ки Анқара бо чунин амал қасдан равобитро бо Русия ба бунбаст мебарад.
«Мо то ҳол дар сатҳи баланди сиёсии Туркия узрхоҳӣ, пешниҳод барои ҷуброни зарар ва ваъда барои ҷазо додани гунаҳкорони ин ҷинояти содиршударо нашунидем », — гуфт В. Путин.
Дар ҳамин ҳол, Сарвазири Русия Дмитрий Медведев зимни ҷаласаи ҳукумат гуфт, ки Русия ҳамлаи нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Туркияро ба СУ-24 амали таҷовузкорона мешуморад. Дар ҷавоб ба он тадбирҳои дорои хусусияти ҳарбӣ, дипломатӣ ва иқтисодӣ андешида мешаванд.
«Ин бешубҳа амали таҷовузкоронаи Туркия, ҳамсояи мо ва ҳамзамон аъзои НАТО нисбат ба кишвари мо мебошад», — гуфт Дмитрий Медведев.
«Тадбирҳои ҳарбӣ ва дипломатӣ дар ҷавоб ба ин ҷиноят аллакай буданд ва боз мешаванд» — гуфт Дмитрий Медведев ва илова намуд, ки боз тадбирҳои иқтисодӣ низ ҷорӣ мешаванд.
Бино ба гуфтаи Д. Медведев, тадбирҳо дар санади ягонаи меъёрӣ ба ҳам як карда мешаванд. «Аз эҳтимол дур нест, ки ин бояд Фармони Президент ва дар заминаи он қарори қабулшудаи ҳукумат бошад», — гуфт ӯ.
Бояд ёдовар шуд, ки 24-уми ноябр СУ-24-и Русияро НҲҲ Туркия сарозер карданд, ки дар натиҷа сарнишини он ҳалок шуда, штурман наҷот ёфт.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






