С.Аслов: Ба мушкилоти терроризми байналмилалӣ бояд на танҳо баҳои дуруст дод, балки ёфтани роҳҳои ҳалли муштарак ва босамари онҳо низ муҳим аст

Ноябрь 28, 2015 05:50

Душанбе, 28.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- «Имрӯз Осиёи Марказӣ бо таҳдидҳои гуногун рӯ ба рӯ мешавад, ки ба онҳо бояд на танҳо баҳои дуруст дод, балки ёфтани роҳҳои ҳалли муштарак ва босамари онҳо низ муҳим аст. Ин, пеш аз ҳама, мушкилоте мебошанд, ки бо таъмини амният ва субот, терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккилона, ифротишавии ҷамъият алоқаманд буда, инчунин масъалаҳоеанд, ки бо таъмини амнияти сарҳади давлатӣ пайванданд.»,- изҳор дошт вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи вохӯрии 6-уми муовинони вазирони  корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки аз тарафи Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда дар Осиёи Марказӣ ва Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон  дар Душанбе ташкил гардид. 
Мувофиқи суханони ӯ баргузории мулоқот дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ заминаест, ки метавонад ҳам дар масоили сиёсӣ ва ҳам дар сатҳи коршиносон барои такон додани саъю кӯшишҳои якҷоя мусоидат кунад. Вобаста ба ин, мехостам нақши Маркази минтақавии СММ-ро барои дипломатияи пешгирикунанда махсусан таъкид созам, ки аз замони таъсис шудан дар соли 2007, барои муттаҳид кардани талошҳои давлатҳои минтақа дар бартараф намудани ҳолатҳои бӯҳронӣ ва бо роҳи дипломатияю муколама барҳам задани  мухолифатҳо даъват мекунад. 
 С.Аслов гуфт, ки ҳоло барои ҳар як иштирокдори ин мулоқоти байналмилалӣ масъалаи муҳимтарин таъмини амният ва бехатарии давлатҳою мардумон мебошад.
 «Ҳодисаҳои мудҳиши чанде қабл дар Париж ва Бамако рӯйдода, ҳамчунин дигар амалҳои террористӣ, ки мутаассифона, мунтазам ба таври фоҷиавӣ дар ин ё он кишвари ҷаҳон содир мешаванд, аз ҷумла ғасби шаҳри Қундузи Афғонистон, амалҳои террористӣ дар Анқара ва Бейрут, таркишҳо дар масҷидҳои Яман ва Покистон, тарконидани тайёраи Федератсияи Русия дар нимҷазираи Синай ва дигар ҳодисаҳои террористӣ моро маҷбур мекунанд, ки талошҳоямонро ба муқобили хатари ҷаҳонӣ — терроризми байналмилалӣ муттаҳид кунем», — гуфт вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон С.Аслов.
Дар хотимаи суханронии худ вазир таъкид кард, ки имрӯз вақти он расидааст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ муносибатҳои зичу ҳамоҳангро пеш гирад ва роҳҳои беҳтари ҳамкориро барои ҳалли чунин мушкилиҳо пайдо ва истифода намояд, нагузорад, ки барбарияти асримиёнагӣ дар хонаҳои мо содир шаванд.

 

Ноябрь 28, 2015 05:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!