С.Мюллер: «Мо ба мувофиқа омадем, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии офатҳои табиӣ кумак расонем»
Душанбе, 9.11.2015. (АМИТ «Ховар).- «Як лоиҳаи наве, ки барои илова намудани он ба барномаи ҳамкории байни Бонки ҷаҳонӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз мо ба мувофиқа омадем, ин кумак расонидан ба Ҷумҳурии Точикистон ҷиҳати пешгирии офатҳои табиӣ мебошад.
Бонки ҷаҳонӣ ба Ҷумҳурии Точикистон як ҳайати худро равона хоҳад сохт, то онҳо омӯхта бароянд, ки чӣ гуна ба таври беҳтар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонем кумак расонем»,- чунин иброз намуд ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер баъд аз мулоқот бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар назди хабарнигорон.
Ӯ инчунин зикр кард, ки бори аввал ба ҳайси ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон сафар кардааст. Дар доираи суҳбат ба якчанд масъалаҳо, аз ҷумла барномаҳое, ки имрӯз Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ карда истодааст, эътибори хосса дода шуд. Ҳоло дар Тоҷикистон зиёда аз 25 лоиҳа ба маблағи 380 миллион доллари амрикоӣ амалӣ гашта истодаанд ва ин лоиҳаҳо хусусан дар соҳаҳои инфрасохтор, беҳтар намудани вазъияти энергетика, нақлиёт, соҳаи кишоварзӣ, инчунин рушди сохтори хусусӣ ва беҳтар намудани хизматрасониҳо, ба мисли таҳсилотро дар бар мегиранд.
«Мо, албатта, медонем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз аз сабаби омилҳои берунӣ дар шароити ниҳоят душвор қарор дорад. Пеш аз ҳама, ба шароити иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон паст рафтани ё ин ки коҳиш ёфтани иқтисодиёти Русия ва аз ҷониби дигар кам гардидани интиқоли маблағ аз ҷониби муҳоҷирони корӣ ва баргаштани қисми муҳоҷирон ба Ҷумҳурии Точикистон таъсири калон расониданд.
Мо инчунин дар доираи суҳбат масъалаи барномаҳои дар пешистодаи Бонки ҷаҳониро, ки дар «Стратегияи ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон» дарҷ гардидаанд, баррасӣ намудем. Стратегияи мазкур барои солҳои 2015-2018 таҳия гардида, он барои рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Точикистон ва таъсиси ҷойҳои корӣ нигаронида шудааст.
Мо инчунин масъалаҳои рушди соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистонро баррасӣ намудем», — илова намуд Сирил Мюллер.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






