Саҳми Иҷлосияи ХVI дар барқарорсозӣ ва таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон

Ноябрь 27, 2015 06:12

Душанбе, 27.11.2016. (АМИТ «Ховар»).-26 ноябр дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) бо ташаббуси кафедраи фаъолияти гумрукӣ бахшида ба 23-солагии  Иҷлосияи таърихии ХVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон таҳти унвони «Саҳми Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олӣ дар барқарорсозӣ ва таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи мудаввар доир гардид.
Тавре ки котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева хабар дод, дар мизи мудаввар  Зариф Ализода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафол Мусоев- сардори Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук ва Мирзо Абдуллоев — муовини сардори донишкадаи мазкур иштирок намуданд.
Ректори     ДМИТ Ашурбой Солеҳзода иброз дошт, ки нақши ин Иҷлосияи тақдирсоз дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар бебаҳост. Бинобар ин, дар замони имрӯза моро мебояд, ки ба қадри сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ расем ва барои баланд бардоштани руҳияи идеявии ҷомеа, аҳамияти ғояи миллӣ ва ватанпарастӣ бикӯшем.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода чун иштирокчии ин иҷлосия  хизмати Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмонро дар эъмори сулҳи тоҷикон ва ба даст овардани ваҳдати миллӣ, ки маҳз дар ҳамин иҷлосия асос ёфтааст, муҳим арзёбӣ кард. 
Дар ҷамъомад филми мустанад дар бораи таърихи таъсис ва фаъолияти имрӯзаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ намоиш дода шуд.  Муовини сардори Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук  Мирзо Абдуллоев дар бораи нақши Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ ва таъмини рушди минбаъдаи мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳояшро изҳор кард.  
  

 

Ноябрь 27, 2015 06:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад