Садамаи мошини боркаш дар ағбаи Чормағзак ва андешаҳо перомуни фаврияти фаъолияти кормандони дахлдор
Норак, 20.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз, 19 ноябри соли равон соати 14.00 дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб, дар яке аз гардишҳои ағбаи Чормағзак, дар наздикии шаҳри Норак нақлиёти боркаши «Foton», рақами давлатияш tj 43 02 АВ 08, ки аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Кӯлоб орд мебурд, ба садама дучор гардид, ки дар натиҷа ронанда ва рафиқаш дар ҳолати вазнин қарор доштанд.
Вақте аз шаҳри Норак ба Душанбе меомадем, дар ҷойи ҳодиса одами зиёд ҷамъ омада, кӯшиш мекарданд, ки ронанда ва рафиқашро аз даруни мошин берун бароранд, аммо муваффақ намешуданд. Пас аз чанд лаҳзае одамон рафиқи ронандаро бароварданд, аммо ронанда бо ҷароҳатҳои зиёд дар даруни оҳанпораҳои мошин боқӣ монд.
Одамони ҷамъгардида занг зада, кӯшиш мекарданд, ки мошини «Ёрии таъҷилӣ» ва намояндагони Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Норак тезтар ба ҷойи ҳодиса ҳозир шаванд, вале соатҳо мегузашту онҳо намеомаданд. Рафиқи ронандаро бо як мошини роҳгузар ба беморхонаи шаҳри Норак бурданд. Вале оқибати ҳаёти зери хатар мондаи ронанда чӣ шуд, мо дигар намедонем, чунки таксии мо роҳашро давом дод.
Тибқи маълумоти мардуми ин минтақа дар ҷое, ки ин бародарон ба садама гирифтор шуданд, се моҳ пештар як шаҳрванди дигар-Музаффари Тағоймурод, соли тавалудаш 1976 ба садама дучор гардида, фавтид. Ба қавли шоҳидон дар ин ҷо садамаҳо бисёр рух медиҳанд.
Мо бовари комил дорем, ки кормандони Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Норак роҳи ҳалли ин мушкилотро ёфта ва дар оянда ҳамроҳ бо маркази «Ёрии таъҷилӣ»-и шаҳр сари вақт ба ҷойи ҳодиса ҳозир мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






