Санги асос барои бунёди бинои хонаи ақди никоҳ ва ансамбли рақсии «Зебо» дар Хуҷанд
Душанбе, 5.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Ба истиқболи ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дирӯз дар шаҳри Хуҷанд раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар ҳудуди хиёбони Раҳмон Набиеви шаҳр барои сохтмони бинои хонаи ақди никоҳ ва ансамбли рақсии «Зебо» санги асос гузошт.
Бунёди ин иншоот дар соли оила ва рушди фарҳанг рамзӣ буда, ба ҳусни шаҳри Хуҷанд ҳусни тоза зам мекунанд.
Бино соли оянда, дар арафаи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлати мавриди истифода қарор гирифта, барои кормандони сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва фарҳанг туҳфаи арзанда хоҳад шуд. Тибқи лоиҳа, бино аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 5457 метри квадратӣ ва масоҳати сохтмон 2365 метри квадратиро фаро мегирад. Дар ин ҷо хонаи акди никоҳ, ҳуҷраҳои хизматӣ, бойгонии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, хобгоҳ барои аъзои ансамбли «Зебо», толори машқи рақс, ҳуҷраҳои ёрирасон ва толори маҷлисиву консертӣ барои 380 ҷой сохта хоҳад шуд.
Сохтмони иншооти мазкур бо арзиши беш аз 10 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят ва соҳибкорон ба субут расонида шуда, дар сохтмони он соҳибкори инфиродӣ Замира Иброҳимова, ширкатҳои «Ветсервис» ва «Нанотех» саҳм мегузоранд.
Раиси вилоят кормандони сабти ҳолати шаҳрвандӣ ва аъзои ансамбли «Зебо» — ро, ки дар он 110 наврасу кӯдак аз ҳисоби писарону духтарон фаъолият мебаранд, бо ин рӯйдоди муҳим табрик гуфта, таъкид намуд, ки чунин иқдоми созанда маҳз ба туфайли Истиқлолият, ваҳдату ҳамдилии мардуми кишвар ва сиёсати ояндабини Сарвари давлат амалӣ мегарданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






