Себастиан Фалк — коршиноси олмонӣ: “Ба ояндаи рушди туризми Тоҷикистон хушбин ҳастам”
Душанбе, 05.11.2015. (АМИТ “Ховар”). -3 ноябри соли ҷорӣ Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов бо коршиноси олмонӣ дар бахши туризм Себастиан Фалк мулоқоти корӣ анҷом дод. Дар суҳбат имконот, ҳолат ва рушди соҳаи туризм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Себастиан Фалк ёдовар шуд, ки тӯли 5 соли охир, ки ӯ ба ҳайси коршинос-машваратчии соҳаи туризм дар Тоҷикистон фаъолият дорад, ба ояндаи рушди туризми Тоҷикистон хушбин мебошад. У ҳамчунин бо хушнудӣ иброз дошт, ки дар мамлакат ҷиҳати рушди инфрасохтори соҳа, омода кардани кадрҳо, сохтмони меҳмонхонаҳо, рушди коммуникатсия ва нақлиёт, сода кардани тартиби гирифтани раводид, бардоштани монеаҳои рушди соҳа корҳои зиёде анҷом дода шуда истодаанд. Ҳамзамон дар ташвиқу тарғиби захираҳои туристии кишвар иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ, чопи харитаҳо ва дигар маводи ташвиқотӣ, баргузор намудани конфронсҳои соҳавӣ ва ҷалби коршиносони байналмилалӣ дар рушди соҳа саҳми муносиб мегузорад. Ӯ иброз дошт, ки имконот ва захираҳои бойи туристии Тоҷикистон метавонанд дар ояндаи наздик туризмро ба яке аз бахшҳои муҳими иқтисоди Тоҷикистон табдил диҳанд.
Сафир Маликшо Неъматов ба Себастиан Фалк барои ҳамкории самарабахшаш бо сохторҳои марбутаи туризми Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, аз ӯ даъват ба амал овард, ки дар оянда низ бо дарназардошти таҷрибаи хубаш дар соҳа барои ҳамкорӣ ва ҷалби сайёҳони олмонӣ ба Тоҷикистон бо Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ҳамкорӣ намояд. Пешниҳод аз ҷониби коршиноси олмонӣ бо хушнудӣ пазируфта шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






