Шиносоии ҳайати парлумони Аврупо бо кори Маркази таълимии АНМН
Душанбе, 09.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Ҳайати парлумони Аврупо бо роҳбарии Ивета Григуле, ки ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, аз Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва маркази сагпарварӣ боздид намуд. Маркази мазкур дар доираи Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ташкил ёфтааст.
Тавре ки Агентии назорати маводи нашъаовари ҶТ хабар медиҳад, меҳмонон бо кори маркази таълимӣ шинос шуданд. Дар маркази мазкур беш аз 200 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии нафақат Тоҷикистон, балки мутахассисони бахши сагпарварии Қирғизистону Афғонистон низ таълим мегиранд.
Ёдовар мешавем, ки марказ моҳи июни соли 2012 бо дастгирии барномаи Иттиҳоди Аврупо оид ба мусоидат ба идораи сарҳадоти Осиёи Марказӣ таъсис ёфта буд.
Зикр шуд, ки ташкили Маркази таълимӣ барои тарбияи сагпарварон ва парвариши сагҳои хидматӣ ҷиҳати пайдо намудани маводи мухаддир ба афзоиши самараи фаъолияти фаврию ҷустуҷӯии ҳам агентӣ ва ҳам мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистону Афғонистон мусоидат мекунад.
Алҳол дар Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовар курсҳои таълимии кормандони Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ идома доранд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






