Шиносоии Сарвазири мамлакат бо корҳои сохтмонӣ дар «Комбинати металлургии Тоҷикистон»

Ноябрь 25, 2015 06:56

Душанбе, 25.11.2015. (АМИТ «Ховар»). -Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар  «Комбинати  металлургии Тоҷикистон», воқеъ дар ноҳияи Ҳисор шинос шуд.
Корҳои лоиҳакашӣ ва оғози бунёди Комбинати  металургии Тоҷикистон соли 2011-ум шурўъ  гардида, то имрўз беш аз 95 фисади корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизоти истеҳсолӣ анҷом дода шудаанд.
Тавре ки таъкид гардид, баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор додани ин корхонаи саноатӣ  иқтидори он дар соли аввал 120 ҳазор тонна маҳсулотро ташкил дода,    дар  соли  сеюми фаъолият  иқтидори он то ба 400 ҳазор  тонна метал  дар  як сол расонида мешавад.
Сарвазири  мамлакат  барои  анҷоми  босифати  корҳои сохтмонӣ ва васлу насби дурусти таҷҳизоти истеҳсолӣ, беҳдошти шароити таъминоти  барқ, ба миқдори зарурӣ захира намудани ашёи хоми маҳалӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва тақвияти ҳамкорӣ бо дигар  корхонаҳои  металургии ватанӣ ва хориҷӣ роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор ва дигар масъулини соҳаро  вазифадор намуд.
Тибқи нақша комбинат  аз коргоҳҳои алоҳидаи  тайёрии  истеҳсолӣ, ҳаллоҷӣ,  металлгудозӣ,  оксигенӣ-азотӣ  ва озмоишгоҳ иборат буда, оғози фаъолияти истеҳсолии он дар  нимсолаи аввали соли 2016   пешбинӣ  шудааст. Соли аввал дар  ин  корхона  500  нафар  бо  ҷойи кор таъмин мегардад ва  баробари тақвияти корҳои истеҳсолӣ   дар соли сеюми фаъолият  шумораи  коргарон  аз  ҳисоби  аҳолии  маҳалӣ  ба 1000  нафар расонида мешавад. Ҳоло  дар  пешбурди  корҳои  сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот 113 нафар ҷалб шудаанд, ки 100 нафари он  мутахассисони маҳалӣ мебошанд.

 

 

Ноябрь 25, 2015 06:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа