Шуғнон: вусъати корҳо барои рахна кардани обанбори сунъӣ
Хоруғ, 12.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- Обанбори сунъие, ки дар ноҳияи Шуғнони Бадахшон дар натиҷаи офати табиии тобистони имсола ба амал омад, метавонад барои аҳолии ин ноҳия ва дигар сокинони навоҳии аз водии Ғунд поёнтар ҷойгирбуда хатари ҷиддиро ба вуҷуд оварад. Сардори ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии ВМКБ Дӯстӣ Худоёров иброз намуд, ки барои рахна намудани оби ин обанбор масъулин тайи чанд моҳ кору лоиҳакашӣ намуданд, зеро дар ҳолати сар задани заминларза ё дигар офати табиӣ якбора рахна шудани он натиҷаи нохушро ба бор меоварад. Аз ин обанбори сунъӣ то неругоҳи барқи обии «Помир 1», ки неругоҳи калонтарини ширкати барқии «Помирэнерҷӣ» мебошад ва нисфи вилоятро бо барқ таъмин менамояд, на кам аз 500 метр мебошад. Зиёд гардидани оби он дар фасли тобистон ба фаъолияти ин неругоҳи барқӣ бетаъсир нахоҳад монд. Ҳамчунин дар ин рӯзҳои оғози фасли зимистон обанбор ях баста истодааст ва яхбандии оби он то неругоҳи барқи «Помир-1» низ натиҷаи нохушро ба бор хоҳад овард. Дарозии ин обанбори сунъӣ зиёда аз 3,5 км буда, паҳноии он аз 200 то 700 метр мебошад. Чуқурии он аз 25 то 60 метрро ташкил менамояд. Барои рахна намудани ин обанбори сунъӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ҷудо намуд ва имрӯз корҳо дар ин самт ҷараён доранд. Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед дар ҷаласаи васеи вилоят иброз дошт, ки рахна намудани оби обанбори сунъӣ дар давоми корҳои бартарафгардонии оқибатҳои офати табиӣ сурат мегирад, ки он ҳамарӯза зери таваҷҷухи роҳбари давлат қарор дорад. Муовини раиси ВМКБ Исрор Исроров гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати рахна намудани оби обанбори сунъӣ тендер эълон кард, ки ҶДММ «Панҷ» дар он ғолиб омад. Ҳоло ҶДММ «Панҷ» ба мавзеи номбурда се экскаватор ва 15 нақлиёти боркаш интиқол додааст. Кандани канал дар ин мавзеъ се моҳ давом хоҳад кард. Директори ҶДММ «Панҷ» Диловар Шогузанфаров иброз дошт, ки дарозии умумии канал 806 метр буда, паҳноияш аз 9 то 13 метр мебошад. Чукурии канал то 17 метрро ташкил медиҳад.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






