Шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод ба зимистонгузаронӣ омадааст
Душанбе, 23.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Бино ба иттилои шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод оид ба зимистонгузаронии мактабҳо ва омодагии муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо, тибқи нақша барои зимистонгузаронӣ дар солҳои 2015 — 2016 дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 938, 08 тонна ангишт, барои муассисаҳои томактабӣ 5 тонна ангишт, 354,7 метри кубӣ ҳезум, 1801 литр сӯзишвории дизелӣ ба маблағи 439013 сомонӣ бояд захира гардида, ҳамчунин 76 метри мураббаъ шишабандӣ мешуд. Дар айни замон 58 муассисаи таълимӣ бо 938, 08 тонна ангишт таъмин шуда, ба андозаи 354,7 метри кубӣ ҳезум захира гардидааст. Шишабандии синфхонаҳо ва хариди сӯзишвории дизелӣ пурра иҷро шудааст. Дар муассисаҳои таълимӣ 441 бухории аловӣ, 163 гармидиҳандаи барқӣ, 50 буғхона ва 61 генератор омодаи истифодаанд.
Инчунин бояд гуфт, ки дар ин муассиса аз соли қаблӣ ба миқдори 56, 6 тонна ангишт ва 28, 4 метри кубӣ ҳезум боқӣ мондааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






