Шукурҷон Зуҳуров: «Қазияи марги Умаралӣ Назарови панҷмоҳаро аз рӯзҳои аввал пайгирӣ дорем»
Душанбе, 04.11.2015.(АМИТ «Ховар»).- Имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.
Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов баъди баррасии масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров роҷеъ ба фавти кӯдаки панҷмоҳа Умаралӣ Назаров дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ибрози назар намуда, гуфт, ки аз рӯзҳои аввали ин фоҷиа Маҷлиси намояндагон ин қазияро пайгирӣ дорад.
-Мо аз рӯзҳои аввал бо ҳамтоёни худ дар Думаи Давлатии Федератсияи Русия ва дигар сохторҳои интизомии ин кишвар дар тамос шуда, хостори ҳарчи зудтар бурдани тафтишоти холисона дар ин кишвар шудем,-таъкид кард Ш. Зуҳуров.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҷӯрахон Маҷидзода бо супориши раиси Маҷлиси намояндагон бо кумитаи тафтишотии дар шаҳри Санкт-Петербург будаи Федератсияи Русия дар алоқа буда, аз ҷараёни тафтиш ҳамарӯза воқиф гардида истодааст. Мо аз номи парламенти касбии мамлакат ба падару модари марҳум, албатта, таъзияи худро баён менамоем.
-Танҳо тафтиш муайян карда метавонад, ки ин ҳодиса чӣ тавр ба вуқуъ пайвастааст. Мо натиҷаи ин тафтишотро интизор мешавем, гуфт дар анҷоми суханрониҳояш раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






