Силоҳбадастони «Толибон» дар вилояти Пактиё 10 нафарро гаравгон гирифтанд

Ноябрь 12, 2015 05:08

Душанбе, 12.11.15. (АМИТ «Ховар»). – Силоҳбадастони  «Толибон»  дар  ҳудуди  вилояти  Пактиёи  Афғонистон  қариб  10  нафарро  гаравгон  гирифтанд. 
Ин  ҳодиса   дар  қитъаи  роҳи  мошингарди  вулусволии  Саид  Карам  рух додааст. Дар  ин  ҷо  шӯришгарон воситаҳои нақлиётиро  боздошта,  мусофиронро  истинтоқ  мекарданд. Маҳалли мавқеияти  гаравгонон  то  ҳол  маълум  нест. 
Намояндагони «Толибон»  аҳолии  осоиштаро гаравгон  гирифта,   ҳамзамон  мегӯянд, ки  шахсони  асиршуда  хидматчиёни  пулиси  маҳаллӣ  мебошанд.
Қаблан  дар  ҳудуди  вулусволии  зикршуда ҳодисаҳои  рабудани чанд  нафар  сокинони  маҳаллӣ рух дода, кӯҳансолони  маҳаллӣ  барои  озод  намудани  асирон  силоҳбадастонро  моил  карда буданд,  хабар  медиҳад Агентии  иттилоотии  «Пажвок».

Ноябрь 12, 2015 05:08

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид