Силсилаҳамлаҳои террористӣ дар Фаронса бесобиқаанд

Ноябрь 14, 2015 04:55

Душанбе, 14.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар паи ҳамлаи маргбор дар шаҳри Парижи  Фаронса  то кунун беш аз 150 тан кушта шуданд. Бар асоси гузориши расонаҳои фаронсавӣ ин амали террористӣ шаби 13-ба 14 ноябри соли равон   содир  шудааст. То кунун дар ин ҳодисаи мусаллаҳона дар маҷмӯъ 158 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмҳои гуногун бардоштаанд. 
Дар ҳамлаи нахуст дар чанд минтақаи маркази шаҳри Парижи Фаронса, аз ҷумла дар як тарабхонаи ин шаҳр тирандозӣ сурат гирифт.
Дар ҳамлаи дуввум ду инфиҷор дар наздикии майдони варзишӣ рух дод. Дар ин майдони варзишӣ ҳангоми таркиш бозии дӯстона миёни тимҳои мунтахаби Фаронсаю Олмон ҷараён дошт. Президенти Фаронса Франсуа Олланд дар ин майдон ҳузур дошт, ки хушбахтона, ҷон ба саломат бурдааст.  
Ҳамлаи 3-юм бо роҳи гаравгонгирӣ дар театри Батаклан анҷом дода шуд, аммо бинобар ҳамлаи полис ба террористон гаравгонгирӣ поён ёфт. Наздики 120 нафар маҳз дар ҳамин театр кушта шудаанд. Масъулияти ин амали террористиро  гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» ва «Ал-Қоида» бар уҳда гирифтаанд.
Тибқи гузоришҳои расонаҳои хабарии хориҷӣ  роҳбарони  давлатҳои ҷаҳон ин ҳодисаи террористиро сахт маҳкум кардаанд. 
Дар Фаронса ҳолати фавқулодда эълон шуда, ин кишвар марзҳои худро баста ва аз мардум хостааст, ки дар хонаҳои худ бимонанд. 

 

Ноябрь 14, 2015 04:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад