Созмони гурӯҳи корӣ барои тартиб додани меъёрҳои миллӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ
Душанбе, 10.11.2015. (АМИТ «Ховар).-Аз 4 то 6 ноябр дар Агентии назорати маводи нашъаовари кишвар (АНМН) оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ семинари миллии “Стратегияи пешгирии нашъамандӣ ва таҳиягарони сиёсат” бо ибтикори АНМН ва Раёсати минтақавии СММ ташкил гардид.
Дар семинар намояндагони созмонҳои давлатӣ, байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ, ки бо фаъолияти пешгирӣ ва коҳиш додани зарари нашъамандӣ машғул мебошанд, иштирок намуданд.
Барои гузаронидани семинари миллӣ коршиноси байналмилалӣ Ангелина Бразерхуд-машваратчии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ даъват шуд, ки бо масоили иҷтимоӣ ва тадқиқот дар соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ машғул мебошад.
Кори семинар ба коркарди мудохилаи самаранок дар соҳаи пешгирии нашъамандӣ ва истеъмоли маводи психоактивӣ, инчунин рафтори хавфнок равона гардид. Ба иштирокчиёни семинар иттилоот дар бораи таҷрибаи ҷаҳонии пешгирии нашъамандӣ ва меъёрҳои баҳогузории чорабиниҳои пешгирикунанда пешниҳод шуданд.
Дар семинар иштирокдорон роҳҳои пурзӯр намудани иқтидор дар соҳаи ҷамъоварии мавод, баҳогузорӣ ва ҳамоҳанг сохтани ҳамкорӣ дар соҳаи пешгириро муҳокима намуданд.
Аз рӯи пешниҳодҳои иштирокдорон нақша тартиб дода шуд, ки тибқи он гурӯҳи корӣ барои тартиб додани меъёрҳои миллии пешгирии нашъамандӣ дар чорчӯбаи стратегия ва барномаҳои пешгирии истеъмоли маводи нашъаовар созмон дода мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






