Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи ба номи Қойиди Аъзами Покистон

Ноябрь 12, 2015 20:20

13.11.2015, Покистон     

Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон,
Раиси Донишгоҳи ба номи Қойиди Аъзам,
Хонумҳо ва ҷанобон, профессорҳо ва устодони Донишгоҳ,
Дӯстони азиз,

Ман аз мулоқоти имрӯза ва бо унвони фахрии профессори Донишгоҳи Қойиди Аъзам қадр шуданам сипосгузорам.

Мо аз нақши бузурги муассиси Покистони навин, яке аз шахсиятҳои бузурги ҳаракати милливу озодихоҳии нимҷазираи Ҳинд Муҳаммад Алӣ Ҷиннаҳ хуб иттилоъ дорем ва барои ман боз ҳам маротиби ифтихор аст, ки ин унвонро Донишгоҳе, ки номи Қойиди Аъзамро дорад, ба инҷониб эҳдо менамояд.

Нақши назарраси донишгоҳи шумо дар омодасозии кадрҳои бахшҳои мухталиф барои Покистон ва рушди устувори он барои ҳамаи мо равшану возеҳ аст.

Дӯстони азиз,

Муносибатҳои неку созандаи тоҷикону покистониён аз гузаштаи дури таърих маншаъ мегиранд. Дар асрҳои миёна  мардумони моро робитаҳои гуногунарса, бахусус фарҳанги муштарак ва адабиёти муштарак бо якдигар пайванд медоданд.

Решаҳои муштараки фарҳангию таърихӣ ва наздикии забонҳои форсию урду барои мардумони мо имкон медиҳанд аз арзишҳои фарҳангии ҳамдигар баҳраманд бошанд.

Дар олами имрӯз Ҷумҳурии Исломии Покистон аз ҷумлаи аввалин кишварҳое буд, ки истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохта, робитаҳои дипломатиро бо кишвари мо барқарор ва намояндагии дипломатии худро дар Душанбе ифтитоҳ намуд.

Сафарҳои порсолаю имсолаи расмии Сарвазири Покистон Ҷаноби Олӣ Муҳаммад Навоз Шариф ба Тоҷикистон ва натиҷаҳои он муҳимтарин рӯйдодҳои раванди муносибатҳои байнидавлатии мо буда, дар таҳкиму рушди онҳо саҳифаи нав боз намуданд.

Мо итминон дорем, ки робитаҳои сиёсии байнидавлатӣ дар сатҳи олӣ минбаъд низ муваффақона идома меёбанд ва умедворем, ки сафари кунунии давлатии инҷониб ба Покистон муносибатҳои шарикии ду кишвари дӯсту ҳамсояро густурдаву ғанӣ мегардонад.

Густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба, инчунин таҳкими равобити ҳасана ва афзалиятноки иқтисодӣ бо Ҷумҳурии Исломии Покистон, яке аз самтҳои асосии фаъолияти хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Мо имкониятҳои тиҷоративу иқтисодии Покистон, мавқеи геостратегӣ ва нуфузи онро дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва ҷаҳони ислом барои худ муҳим арзёбӣ менамоем.

Мо аз он қаноатмандем, ки тайи 10 соли ахир ҳаҷми умумии гардиши мол миёни Тоҷикистону Покистон бамаротиб афзудааст.

Ва мо азм дорем барои бештар афзоиш додани он аз имкониятҳои мавҷуда ва зарфияти бузурги ҳамкориҳо истифода барем.

То алҳол миёни Тоҷикистон ва Покистон даҳҳо санади муҳимми дуҷониба ба имзо расидаанд ва имрӯз низ ин заминаи қарордодӣ бо як теъдод санадҳои муҳим ғанитар гардид.

Як қатор паймонҳои мушаххасе, ки миёни кишварҳои мо дар солҳои 2014 ва 2015 ба даст омаданд, мавриди иҷро ё баррасӣ қарор гирифтаанд.

Дар зимн метавонем аз тарҳи КАСА-1000, ки интиқоли нерӯи барқро аз қаламрави Тоҷикистон ба Покистон дар назар дорад, мисол биёрем.

Мо барои ҳарчи зудтар ба имзо расонидани Созишномаи сеҷонибаи тиҷорати транзитӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон манфиатдор мебошем. Санади номбурда метавонад такондиҳандаи ҷиддии робитаҳои судманди иқтисодиву тиҷоратӣ миёни се кишвар гардад.

Бародарони покистонии мо дар бисёр арсаҳо ба комёбиҳои назаррас ноил гардидаанд. Хуб мешуд, ки табодули донишу таҷриба миёни ду кишвар густариш ёбад.

Ҳозирини муҳтарам,

Муборизаи муштарак бар зидди терроризм, ифротгароии хушунатомез, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккилонаи фаромарзӣ дар марҳалаи кунунӣ аз мо амалҳои боз ҳам тифоқонаву қатъиро талаб мекунад.

Дар ин росто метавон гуфт, ки вазъият дар Афғонистони ҳамсоя ҳанӯз муташанниҷ аст. Ин ҳолат чолишҳои нав ба навро барои амнияти кишварҳои мо эҷод месозад. Дар қаламрави Афғонистон пайдо шудани гурӯҳҳои гуногуни террористӣ, аз қабили “Давлати исломӣ”, ба амнияти тамоми минтақа таҳдид менамояд.

Вале таърихи ду даҳсолаи ахири Афғонистон собит кард, ки терроризм ва ифротгароиро наметавон танҳо бо роҳи низомӣ решакан кард.

Зарур аст, ки ба Афғонистон дар эҳёи иқтисодиёт, кишоварзӣ, истифодаи имконоти транзитӣ, аз тариқи татбиқи пружаҳои зербиноӣ ва кумаки молию техникӣ ба пешбурди ислоҳоти идорӣ аҳаммияти бештар дода шавад.

Аз сӯи дигар, татбиқи тарҳҳои коммуникатсионӣ – нақлиётӣ, бунёди хатҳои интиқоли барқ, лӯлаи газ ва дигар тарҳҳои минтақавӣ, аз ҷумла дар масири Тоҷикистон ва Покистон маҳз аз вазъи амниятии Афғонистон вобаста мебошад.

Дӯстони азиз,

Осиё хонаи умумии мост. Ҳамаи мо хоҳони онем, ки дар ин хонаи умумиамон сулҳу субот ҳукмфармо бошад. Мушкилоте, ки дар ин минтақаи бузург ҳастанд, бо ҳам шабеҳ ва муштараканд. Бинобар ин василаҳои мубориза бо онҳо низ бояд муштарак бошанд. Имрӯз ҳамаи кишварҳо ҷиҳати мубориза бо хушунат ва ифротгароӣ ҳамкорӣ доранд.

Дар муборизаҳои геосиёсӣ, имрӯз аз мухолифатҳои қавмиву мазҳабӣ сӯистифода мегардад. Доираҳои алоҳида саъй доранд, то дар миёни пайравони дини мубини ислом тафриқа ва низоъ барангезанд.

Мо бояд садди роҳи бадном сохтани дини мубини ислом аз ҷониби доираҳои ғараздори сиёсӣ бошем.

Мо бояд иқтидори фарҳангу тамаддуни миллатҳои худро пурра истифода намоем, то ки дар заминаи муколамаи васеъ, саъю кӯшиши умумӣ барои рушди устувори иқтисодӣ ва амнияти муштарак ҷомеаи босуботу ободи халқҳои Осиёро барпо намоем.

Бори дигар бо арзи сипос аз қадрдонии шумо ба инҷониб ва бо ибрози орзуҳои нек барои ҳар яки шумо саломативу саодат орзу менамоям.

Комёбу пирӯз бошед!

Ноябрь 12, 2015 20:20

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 забҳи 586 сар чорвои мубталои бемории буғумдард пешгирӣ карда шуд
Ҷашни Сада дар шаҳри Ҳисор бо намоиши дастовардҳои кишоварзон пуршукуҳ таҷлил гардид
Кишоварзони фаъоли ноҳияи Зафаробод дар иди Сада кадрдонӣ гардиданд
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон бо мақсади ба ҳаёти мустақилона омода намудани духтарон ҳамоиши тарғиботӣ доир шуд
Дар Суғд ҷашни Садаро бо иштироки меҳмонон аз давлатҳои ҳамсоя таҷлил намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамоиши тарғиботӣ доир мегардад
Дар шаҳри Хоруғ ҷашни Сада бо русуми аҷдодӣ таҷлил гардид
3 феврал дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Агентии назорати маводи нашъаовар, Агентии «Тоҷикстандарт» ва корхонаи «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Имрӯз дар Вазорати маориф ва илм, Кумитаи рушди маҳал, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва Маркази миллии қонунгузорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Байни Институти илмӣ-тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Иттифоқи дӯстии Роҳи абрешим дар Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид