«Сулҳ аз нигоҳи кӯдакон»-озмун бахшида ба Рӯзи Парчам

Ноябрь 12, 2015 04:12

Душанбе, 12.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Бо мақсади сазовор таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ТҶҶ «Созандагони Ватан»  дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҷавонон, вазиш ва сайёҳӣ, нашрияи «Вечёрка» ва маркази фарҳангии «Аржанг», иқдоми ҷавонии «СУЛҲ БА ҲАМА», ки мақсади асосӣ нишон додани ҳисси ватандӯстӣ, мавқеи шаҳрвандии ҷавонон ва созандагии онҳо мебошад,  ҷараён дорад ва дар доираи он  даҳҳо чорабиниҳои мухталиф аз ҷониби намояндагиҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳру ноҳияҳо баргузор гардида истодаанд. 
Аз ҷумла, дар макотиби ҳамагонӣ дарси «Сулҳ ба ҳама» роҳандозӣ гардида, таҳти ҳамин унвон ҳазорҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҲХДТ  аъзо гардида истодаанд. Ҳафтаи гузашта дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд 1201  нафар, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 900 нафар, ноҳияи Айнӣ — 240 нафар, шаҳри Исфара — 250 нафар ва дар ноҳияи Конибодом 340 нафар таҳти иқдоми ТҶҶ «Созандагони Ватан» — «Сулҳ ба ҳама!» узвияти хешро ба ин ҳизби сулҳофар  эълом доштанд
Бо мақсади бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ, зебоипарастӣ, ғурури миллӣ ва дарёфти соҳибистеъдодҳо намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан ” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров озмуни кушоди ноҳиявиро таҳти унвони “Сулҳ аз нигоҳи кӯдакон” дар заминаи Гимназияи №1 минтақаи шаҳраки Ғафуров баргузор намуд. Дар озмуни мазкур зиёда 59 расми хонандагони мактабҳои ҳудуди ноҳия намоиш дода шуд. 
Чорабиниҳо бахшида ба  иқдоми  «Сулҳ ба ҳама» то рӯзи таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ идома меёбанд.

Ноябрь 12, 2015 04:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад