«Сулҳ аз нигоҳи кӯдакон»-озмун бахшида ба Рӯзи Парчам
Душанбе, 12.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Бо мақсади сазовор таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҷавонон, вазиш ва сайёҳӣ, нашрияи «Вечёрка» ва маркази фарҳангии «Аржанг», иқдоми ҷавонии «СУЛҲ БА ҲАМА», ки мақсади асосӣ нишон додани ҳисси ватандӯстӣ, мавқеи шаҳрвандии ҷавонон ва созандагии онҳо мебошад, ҷараён дорад ва дар доираи он даҳҳо чорабиниҳои мухталиф аз ҷониби намояндагиҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳру ноҳияҳо баргузор гардида истодаанд.
Аз ҷумла, дар макотиби ҳамагонӣ дарси «Сулҳ ба ҳама» роҳандозӣ гардида, таҳти ҳамин унвон ҳазорҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҲХДТ аъзо гардида истодаанд. Ҳафтаи гузашта дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд 1201 нафар, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 900 нафар, ноҳияи Айнӣ — 240 нафар, шаҳри Исфара — 250 нафар ва дар ноҳияи Конибодом 340 нафар таҳти иқдоми ТҶҶ «Созандагони Ватан» — «Сулҳ ба ҳама!» узвияти хешро ба ин ҳизби сулҳофар эълом доштанд
Бо мақсади бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ, зебоипарастӣ, ғурури миллӣ ва дарёфти соҳибистеъдодҳо намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан ” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров озмуни кушоди ноҳиявиро таҳти унвони “Сулҳ аз нигоҳи кӯдакон” дар заминаи Гимназияи №1 минтақаи шаҳраки Ғафуров баргузор намуд. Дар озмуни мазкур зиёда 59 расми хонандагони мактабҳои ҳудуди ноҳия намоиш дода шуд.
Чорабиниҳо бахшида ба иқдоми «Сулҳ ба ҳама» то рӯзи таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ идома меёбанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд






