Т. Эрдуғон: Туркия аз вокуниши Русия ба ҳодисаи СУ-24 нигарон аст
Душанбе, 26.11.2015 (АМИТ «Ховар») .- Президенти Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон изҳор дошт, ки Анқара бо Москва шарикии стратегӣ дорад ва ба вокуниши вай нисбат ба ҳодисаи СУ-24 нигарон аст.
«Мо пештар эълон карда будем, ки дар сурати вайрон кардани ҳарими ҳавоии Туркия мо ба таври худкор (автоматический) амал хоҳем кард. Чунин вайрон намудани ҳарими ҳавоии мо қаблан ҳам рух дода буд. Баъд аз даҳ огоҳӣ, ки сабташон нашр шудааст, ин қоидаҳои вокуниш ба ҳавопаймоҳои кишвари номаълум истифода бурда мешаванд. Аз кӣ будани ҳавопаймо пас аз сарозер шудани он ошкор гардид. Ин ҳодиса моро низ хеле маҳзун кард. Мо ҳамчунин бо нигаронӣ вокунишҳои ҷониби Русия ва изҳороти ҷудогонаро дар ин мавзӯъ мушоҳида менамоем», — гуфт Эрдуғон дар маҷлиси сарони маъмуриятҳои маҳаллӣ дар Анқара.
Ӯ таъкид дошт, ки муташанниҷ шудани вазъро намехоҳад. «Ихтилофи мо бо Русия дар бораи Сурия — ин як тарафи масъала, қоидаҳои вокуниш ба чунин таҳдидҳо – тарафи дигар аст», — гуфт Эрдуғон.
Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои байни Русия ва Туркия пас аз суқути ҳавопаймои СУ-24 дар Сурия дар ҳолати буҳронӣ қарор дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






